Маълумоти охирин

СФИНКС

sfinks

СФИНКС (юнонӣ Sphinx), Абулҳавл, 1) дар Мисри қадим, мавҷудоти афсонавӣ, муҷассамаест (рӯҳи муҳофиз, таҷассумкунандаи ҳукумати шоҳ), ки танааш ба шер ва сараш ба сари одам ё ҳайвони муқаддас монанд тасвир ёфтааст. Калонтарин Сфинкси боқамонда дар Гиз, наздикии аҳроми Хефрен (асри 28 то мелод) воқеъ гашта, Сфинкси Калон ном дорад. 2) Дар асотири Юнони Қадим зани афсонавиест, ки сараш ба сари шер монанд буда бол дорад.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …