Маълумоти охирин
Главная / Илм / СПЕССАРТИН

СПЕССАРТИН

spessartin

СПЕССАРТИН (пуштакӯҳи Шпессарт дар Ресспубликаи Федеративии Германия), минерал аз гурӯхи беҷода. Формулаи химиявиаш Мn3АL2 (SiO4)3: одатан омехтаҳои изоморфии Ғе2+, Мg2, Са2+, инчунин Y3+ дорад. Дар системаи куби кристалл мебандад; кристаллҳояш ба мисли кристаллҳои беҷодаанд; аксар вақт дар шакли массаҳои яклухти довадор низ вомехӯрад. Ранги Спессартин вобаста ба омехтаҳои таркибаш сиёҳ, гулобӣ, сурх, норанҷӣ мешавад. Сахтиаш 7—7,5; зичиаш 3800—4280 кг/м3. Спессартин бештар дар пегматитҳои гранитӣ, ҷинсҳои кӯҳии метаморфӣ ва скарнҳо ёфт мешавад.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …