Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / СПЕРАНСКИЙ Алексей Дмитриевич

СПЕРАНСКИЙ Алексей Дмитриевич

speranski_a_d

СПЕРАНСКИЙ Алексей Дмитриевич (11. 1. 1888, Уржум — ҳозира вилояти Киров—23. 7. 1961, Москва). патологи советӣ. академики Академияи Фанҳои СССР (1939) ва АИТ СССР (1944). Аъзои КПСС аз соли 1943. Соли 1911 факултети тиббии Университети Қазонро хатм кардааст; аз соли 1920 профессори кафедраи ҷарроҳияи оперативӣ ва анатомияи типографии Университети давлатии Иркутск. Солҳои 1923—28 ассистенти И. П. Павлов ва дар як вақт муассис (1926) ва роҳбари шӯъбаи таҷрибавии Институти Невропатологияи ҷарроҳӣ (Ленинград). Солҳои 1928—34 мудири шӯъбаи патофизиологияи Институти тиббӣ-таҷрибавии Ленинград ва аз соли 1934 мудири шӯъбаи патологияи умумии Институти умумииттифоқии тиббӣ-таҷрибавӣ дар Москва. Аз соли 1945 директори Институти патологияи умумӣ ва таҷрибавии АИТ СССР ва аз соли 1954 (баъди ба Институти физиологияи пормалӣ ва патологӣ табдил дода шудани Институти патологияи умумӣ ва таҷрибавӣ) мудири шӯъбаи патологияи умумӣ. Асарҳои Сперанский мақоми системаи асабро дар падидоӣ, механизм, инкишоф, ҷараён ва оқибати процессҳои табиатан гуногуни патологӣ, методологияи патологӣ ва терапияи таҷрибавӣ оиданд. Ба туфайли тадқиқоти Сперанский ва мактаби у қонуни умумӣ ва хусусияти ҷараёни дистрофияҳои асаб ошкору мақоми системаи асаб дар компенсацияи функцияхои вайроншуда ва процессҳои шифоёбӣ исбот карда шуданд. Сперанский Лауреати Мукофоти давлатии СССР (1943) ва Мукофоти ба номи И. П. Павлови Академияи Фанҳои СССР (1937) мебошад. Бо 2 ордени Ленин ва дигар ордену медалҳо сарфароз гардидааст.

Адабиёт: Нервная система в патологии, Москва —Ленинград, 1930; Элементы построения теории медицины, Москва—Ленинград 1935; Избранные труды. Москва. 1955.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …