Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / СПЕНДИАРОВ Александр Афанасевич

СПЕНДИАРОВ Александр Афанасевич

alexander_spendiaryan

СПЕНДИАРОВ (Спендиарян) Александр Афанасевич (1. Н. 1871, Каховка —7. 5. 1928, Ереван), бастакори советӣ, дирижёр. Педагог, ходими чямъиятӣ. Артисти Халқии Ресспубликаи Совети Сотсиалистии Арманистон (1926). Классики мусиқии арман. Факултети ҳуқуқи Университети Москваро хатм кардааст (1895). Назарияи композицияро аз Н. С. Кленовский дар Москва (1892—94) ва Н. А. Римский-Корсаков дар Петербург (1896—1900) омӯхтааст. Эҷодиёти Спендиаров бо таъсири маданнити пешқадами рус ва арман инкишоф ёфтааст.

Баъди Револютсияи Кабири Социалистии Октябр Спендиаров дар ташаккули маданияти советӣ фаъолона иштярок намуд. «Этюдҳои Ереван» (1925), операи қаҳрамонӣ ватандӯстии «Алмаст» (1930, Москва), «Увертюраи концертӣ» (1900), 2 сюитая «Этюдҳои Қрим» (1903, 1912), кашатаи «Хотиран В. В. Стасов» (1907), романсҳо, ансамблҳои овозӣ (вокалӣ), хорҳо, асарҳои камеравӣ-инструменталӣ беҳтарин намунаҳои эҷодиёти Спендиаров мебошанд. Ба театри опера ва балети Арманистон номи Спендиаровро гузоштаанд.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …