Маълумоти охирин
Главная / Илм / СПЕКТРҲОИ МОЛЕКУЛАВӢ

СПЕКТРҲОИ МОЛЕКУЛАВӢ

СПЕКТРҲОИ МОЛЕКУЛАВӢ, спектрҳои оптикии фурӯбарӣ, шуоъафканӣ ва инчунин пароканиши комбинационии рӯшноиро гӯянд, ки ҳангоми аз як савияи энергетикӣ ба савияи дигар гузаштани молекула ба вуҷуд меоянд. Спектҳои молекулавӣ аз рахҳои нисбатан ғавс ва ё аз рахҳои нисбатан борик таркиб меёбанд, ки аз маҷмӯи хатҳои зичи спектрӣ иборатанд. Спектҳои молекулавӣ нисбат ба спектрҳои атомии хаттӣ мураккабанд, зеро дар молекулаҳо баробари ҳаракати электронҳо нисбат ба ядрои атомҳои молекула (соҳаҳои ултрабунафш ва намоён) дигар навъҳои ҳаракат аз кабили лаппиши ядроҳо дар қарибии ҳолати мувозинат дар молекула (соҳаи инфрасурх) ва чархзании худи молекула (соҳаҳои инфрасурхи дур ва фавқулбасомад) мавҷуданд.

spektrhoi-molekulavi

Таркиби ҳар як Спектҳои молекулавӣ барои молекулаҳои гуногун ҳар хел аст ва одатан баробари афзудани шумораи атомхои молекула мураккаб мешавад. Спектҳои молекулавиро омӯхта масофаи байниатомӣ, моментҳои инерция, басомади лаппиш, энергияи диссоциапия, таркиби молекула ва ғайраро муайян мекунанд. Усулҳои тадқиқи Спектҳои молекулавӣ яке аз асосҳои таҳлили спектрии молекулавиро ташкил медиҳанд.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …