Главная / Илм / СПЕКТРҲОИ АТОМӢ

СПЕКТРҲОИ АТОМӢ

СПЕКТРҲОИ АТОМӢ, спектрҳои оптикиро гӯянд, ки дар натиҷаи гузаришҳои квантии байни савияҳои энергетикии атомҳои озод ё сусталоқа (газҳои якатома, буғҳо) ба вуҷуд меоянд. Спектрҳои атомӣ аз хатҳои алоҳидаи спектрӣ иборатанд, яъне сохти дискретӣ доранд.

spektr

Маҷмӯи Спектрҳои атомӣ серияҳои спектриро ташкил медиҳанд. Масофаи байни хатҳои серияи алоҳида ба самти соҳаи мавҷҳои кӯтоҳ кам шуда, дар сарҳади серия ҳеҷ мешавад. Ин ҳолат мутобиқи мавриди ионизация шудани атом мебошад.

Спектрҳои атомии металҳои ишқори, ки дорои як электрони валентӣ мебошанд, ба спектри атоми гидроген монанданд. Вале басомади хатҳояшон хурдтару шумораашон зиёдтар аст ва сохти дублетӣ доранд. Масофаи байни дублет бо зиёд шудани рақами тартибии атом зуд меафзояд.

Спектри атомҳое, ки дар қабати берунии электронии худ зиёда аз як электрон доранд, ба сабаби таъсири мутақобил доштани ин электронҳо хеле мураккаб мешаванд. Систематикаи ин гуна спектрҳо бо ёрии ададҳои квантӣ (нигаред Атом) ва қоидаҳои интихоб барои онҳо мураттаб сохта мешавад. Вале барои ин таъсири мутақобили электронҳои берунии атомро бо якдигар ба назар гирифтан ҳатмист, зеро ин таъсирот боиси пайдоиши ст

СПЕКТРҲОИ АТОМӢ, спектрҳои оптикиро гӯянд, ки дар натиҷаи гузаришҳои квантии байни савияҳои энергетикии атомҳои озод ё сусталоқа (газҳои якатома, буғҳо) ба вуҷуд меоянд. Спектрҳои атомӣ аз хатҳои алоҳидаи спектрӣ иборатанд, яъне сохти дискретӣ доранд.

Маҷмӯи Спектрҳои атомӣ серияҳои спектриро ташкил медиҳанд. Масофаи байни хатҳои серияи алоҳида ба самти соҳаи мавҷҳои кӯтоҳ кам шуда, дар сарҳади серия ҳеҷ мешавад. Ин ҳолат мутобиқи мавриди ионизация шудани атом мебошад.

Спектрҳои атомии металҳои ишқори, ки дорои як электрони валентӣ мебошанд, ба спектри атоми гидроген монанданд. Вале басомади хатҳояшон хурдтару шумораашон зиёдтар аст ва сохти дублетӣ доранд. Масофаи байни дублет бо зиёд шудани рақами тартибии атом зуд меафзояд.

Спектри атомҳое, ки дар қабати берунии электронии худ зиёда аз як электрон доранд, ба сабаби таъсири мутақобил доштани ин электронҳо хеле мураккаб мешаванд. Систематикаи ин гуна спектрҳо бо ёрии ададҳои квантӣ (нигаред Атом) ва қоидаҳои интихоб барои онҳо мураттаб сохта мешавад. Вале барои ин таъсири мутақобили электронҳои берунии атомро бо якдигар ба назар гирифтан ҳатмист, зеро ин таъсирот боиси пайдоиши структураи нозуки спектр мегардад. Ғайр аз ин дар натиҷаи таъсири мутақобили магнитии электрон ва моменти магнитии ядро структураи фавқуннозуки спектр мушоҳида мешавад. Ҳамин аст, ки хатҳои спектрии таркиби спектрҳои мураккаб мулгиплетуои алоҳида ҳосил мекунанд.

Интенсивияти хатҳои Спектрҳои атомиро бо усулҳои механикаи квантӣ ҳисоб карда, бо методҳои спектроскопияи оптикӣ таҳқиқ мекунанд. Методҳои омӯаиши Спектрҳои атомӣ дар таҳлили спектрӣ васеъ истифода шуда то андозае ба таҳқиқи атомҳо ва сохти қабатҳои электронии онҳо имкон медиҳад.

руктураи нозуки спектр мегардад. Ғайр аз ин дар натиҷаи таъсири мутақобили магнитии электрон ва моменти магнитии ядро структураи фавқуннозуки спектр мушоҳида мешавад. Ҳамин аст, ки хатҳои спектрии таркиби спектрҳои мураккаб мулгиплетуои алоҳида ҳосил мекунанд.

Интенсивияти хатҳои Спектрҳои атомиро бо усулҳои механикаи квантӣ ҳисоб карда, бо методҳои спектроскопияи оптикӣ таҳқиқ мекунанд. Методҳои омӯаиши Спектрҳои атомӣ дар таҳлили спектрӣ васеъ истифода шуда то андозае ба таҳқиқи атомҳо ва сохти қабатҳои электронии онҳо имкон медиҳад.

Дар борамон Anonymous

Инчунин кобед

САТҲ (дар математика)

САТҲ (дар математика), яке аз мафҳумоти асосии геометрия аст, ки дар фаслҳои мухталифи он маъноҳои …