Маълумоти охирин
Главная / Илм / СПЕКТРОСКОПИЯ

СПЕКТРОСКОПИЯ

spectroscopys

СПЕКТРОСКОПИЯ (аз спектр ва …скопия), як фасли физикаро гӯянд, ки спектри нурҳои электромагнитиро меомӯзад. Усулҳои Спектроскопияро барои таҳқиқи савияҳои энергияи атом- ҳо, молекулаҳо ва системаҳои мак- роскопии аз онҳо ташкилшуда ва гузаришфои кеантии байни савияҳои энергия истифода мебаранд, ки барои омӯхтани сохт ва хусусиятҳои модда ёрии калон мерасонад.

Таърихи Спектроскопия аз соли 1666 оғоз меёбад, он сол И. Ньютон бори нахуст нури Офтобро ба спектр ҷудо карда буд. Охири асри 19 ва аввали асри 20 Спектроскопия ҳамчун илми таҷрибавӣ, ки дар рафти он доир ба спектрҳои оптикии атому молекулаҳо ва қонуниятҳои ҷойгиршавии рахҳои спектр маълумоти ғание андӯхта шуд. Соли 1913 Н. Бор қонуниятҳои мазкурро дар асоси назарияи квантӣ маънидод кард. Спектроскопия ба ташаккули механикаи квантӣ ва электродинамикаи квантӣ асос гузошт: дар навбати худ инҳо асоси назариявии Спектроскопияро ташкил доданд.

Я. Шукуров, Д. Саидов.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …