Маълумоти охирин
Главная / Варзиш / СПАРТАКИАДА

СПАРТАКИАДА

sport

СПАРТАКИАДА, мусобиқаҳои анъанавии комплексӣ, ки дар программаи он намудҳои гуногуни спорт дохил мешаванд. Дар СССР якумин Спартакиада соли 1923 дар қисмҳои Армияи Сурх ва ташкилотҳои физкултурии ҷавонони ба номи Спартак дар Петроград гузаронида шуд. Спартакиада соли 1928 дар Москва Спартакиадаи умумииттифоқӣ баргузор гардид, ки дар он бештар аз 7 ҳазор нафар, аз ҷумла 600 нафар намояндагони ташкилотҳои спортии коргарӣ аз 17 мамлакат (дар программа—21 навъи спорт) иштирок намуданд. Аз ибтидои солҳон 30 Спартакиадаҳои умумииттифоқии иттифоқҳои касаба (аз 1932), ҷамъиятҳон ихтиёрии «Динамо», «Спартак», Қувваҳои Мусаллаҳи СССР, республикаҳои иттифокӣ барпо гардиданд. Дар солҳои баъди ҷанг гузаронидани Спартакиадаҳои студентон (аз 1951), Спартакиадаи умумииттифоқии мактабиён (аз 1954) расм шуд. Спартакиадаи халқҳои СССР аз соли 1956 дар чор сол як бор (одатан як сол пеш аз Бозиҳои олимпӣ) дар якчанд давр гузаронида мешавад: Спартакиадаи коллективҳои физкултури, районию шаҳрӣ, вилоятию кишварӣ, республикавӣ ва мусобиқаҳои финалӣ.

Дар Ресспубликаи Совети Сотсиалистии Тоҷикистон низ мунтазам Спартакиадаи корхонаҳои саноатӣ, муассисаҳон илмӣ, табобатӣ, Спартакиадаи зимистона (Спартакиадаи унравленияи ҳавлиҳо), Спартакиадаи мактабиён, студентон, муаллимон, донишкадаҳои олӣ ва ғайра гузаронида мешаванд.  Л. Ветков.

Инчунин кобед

futbol

ФУТБОЛ

ФУТБОЛ (англисӣ fоо1bаll, аз fооt— пой ва bаll — тӯб), як навъи спортро гӯянд, ки …