Маълумоти охирин
Главная / Ҷамъият / «СПАРТАК»

«СПАРТАК»

«СПАРТАК», дар СССР калонтарин ҷамъияти умумииттифоқии ихтиёрии спортии иттифоқҳои касаба. «Спартак» коркунони савдои давлатӣ, кооперацияи саноатӣ, саноати хӯрокворӣ, авиацияи гражданӣ, нақлиёти автомобилӣ, маориф, маданият, нигаҳдории тандурустӣ ва дигар муассисаю ташкилотҳоро муттаҳид менамояд. Фаъолияти худро аз кружокҳои физкултурӣ, ки солҳои 1925—26 дар назди органҳои кооперацияи саноатӣ ташкил шуда буданд, оғоз намудааст; ҳамчун ҷамъияти умумииттифоқии физкултураю спортии кооперацияи саноатӣ аз 19 апрел 1935 вуҷуд дорад, аз соли 1960 ба ҷамъияти спортии бачагонаи Иттифоқҳои касаба табдил ёфт.

Дар шаҳри Душанбе соли 1935 ҷамъияти ихтиёрии спортии «Спартак» ташкил гардид.

Инчунин кобед

САҒОНА

САҒОНА 1) қабре, ки аз хишти пухта 6 санг ба шакли гаҳвора сохта, дар он …