Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / СПАРГАПИС

СПАРГАПИС

spargapis

СПАРГАПИС (соли таваллуд ва вафот номаълум), писари пешвои қабилаи массагетҳо Тумирис, сарлашкари ҷавон, ки бо фармони модараш (Тумирис) ҷанговарони массагетро ба муқобили Куруши II сарварӣ кард. Мувофиқи маълумоти таърихшиносони Юнон — Геродот, Юстин — Трог ва дигарон Куруши II ба кишвари массагетҳо даромада ба худ бошишгоҳе сохт. Вале пас аз чанде гӯё аз бими массагетҳо бошишгоҳашро тарк намуда, бо маслиҳати подшоҳи Лидия Крез, ки асири Куруш буд, дар он ҷо шаробу нуқли зиёдеро бо миқдори ками лашкар гузошт. Тумирис ба муқобили Куруши II писарашро бо сеяки лашкараш равона кард. Массагетҳо ба бошишгоҳи Куруш расида, бар лашкариёни ӯ ғолиб омаданд ва пас аз ҷанги хурд базми калоне барпо карданд. Шабона Куруши II ба массагетҳо ҳуҷум овард ва ҳамаи онҳоро нобуд кард. Спаргапис худашро кушт.

М. Диловаров.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …