Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / СОЗИШНОМАҲОИ ЖЕНЕВА

СОЗИШНОМАҲОИ ЖЕНЕВА

СОЗИШНОМАҲОИ ЖЕНЕВА (1954, доир ба Ҳиндухитой), 26 апре—21 июли 1954 дар маҷлиси машваратии вазирони корҳои хориҷии СССР, РХХ, Британияи Кабир, ШМА ва Франсия оид ба муҳокимаи хушӣ ба хушӣ ҳал намудани масъалаи Корея ва барқарор кардани сулҳ дар Ҳиндухитой (дар муҳокимаи масъалаи Ҳиндухитой намояндагони РХХ, РДВ, Камбоҷа, Лаос ва Ветнами Ҷанубӣ низ иштирок доштанд) ба имзо расиданд. Созишномаи Женева ба ҷанге, ки Франсия аз сентябпи 1945 ба муқобили халқҳои Ветнам, Лаос ва Камбоҷа мебурд, хотима доданд. Соҳишномаи Женева иштирокчиёни маҷлисро ӯҳдадор намуданд, ки истиқлолият ва дахлнопазирии ҳудуди давлатҳои Ҳиндухитойро эътироф намуда, ба корҳои дохилии онҳо дахолат накунанд. Созишномаи Женева принсипҳои ҳалли масъалаҳои сиёсии Ҳиндухитойро муайян карда, муқаррар намуданд, ки дар ҳар яке аз ин мамлакатҳо интихоботи умумӣ гузаронида шавад ва сохтани базаҳои ҳарбии хориҷӣ дар онҳо, инчунин ба блокҳои ҳарбӣ иштирок намудани ин мамлакатҳо манъ карда шавад. Барои назорати иҷрои Созишномаи Женева Комиссияи байналхалқӣ дар ҳайати намояндагони Ҳиндустон (раис), Полша ва Канада ташкил карда шуд. Созишномаи Женева дар Декларатсияи хотимвӣ ҷамъбаст гардид, ки онро аксарияти иштирокчиёни маҷлиси машваратии Женева маъқул донистанд. Намояндаи ШМА бо ин Декларатсия пурра розӣ нашуд. Баъди қатъи амалиёти ҳарбӣ дар Ҳиндухитой фақат дар Камбоҷа (1955) ва Лаос (1958) интихобот гузаронида шуд. Бо айби ҳукуматдорони Ветнами Ҷанубӣ ва империалистони ШМА дар Ветнам интихобот барпо нагардид ва мамлакат ба ду қисм тақсим шуд. Фақат дар натиҷаи муборизаи озодихоҳонаи халқи Ветнам соли 1975 мамлакат муттаҳид шуд. Аз тарафи ШМА ва иттифоқчиëни он вайрон кардани Созишномаи Женева боиси эътирози халқҳои ҳамаи мамлакатҳои рӯи ҷаҳон гардид.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …