Маълумоти охирин

СОЗ

СОЗ, 1) асбоби тории мусиқиест, ки дар байни халқҳои Осиёи Миёна, Қазоқистон, Закавказия, Афғонистон, Эрон ва Туркия маъмул аст. Соз косаи мурудшакл дошта, аз чуб сохта мешавад. Дастааш дароз буда, ба он пардаҳо насб шудаанд. Соз торҳои филизии ҷуфт ë дутори сегона дорад. Торҳои Соз ба ҳамдигар бо сози кварта 6 квивта ҷӯр мешаванд. Дарозии умумиаш 70—80 см. Созро бо мизроб менавозанд. Соз се намуд дошта, онро асосан яккахонҳою созандаҳо истифода мебаранд, дар ансамбл ва оркестр низ аз он истифода мешавад. 2) Номи умумии асбобҳои мусиқии Осиёи Миёна ва Қазоқистон.

soz

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …