Маълумоти охирин
Главная / Техника / «СОЮЗ — АПОЛЛОН»

«СОЮЗ — АПОЛЛОН»

astp

«СОЮЗ — АПОЛЛОН», ЭПАС, парвози якҷояи таҷрибавии киштиҳои кайҳонии (КК) амегрикоӣ ва советӣ. Программаи парвоаи «С.—А.» дар Со- апшномаи байни СОСР ва ШМА доир ба ҳамкорӣ дар соҳаи тадқиқ ва ба мақсадҳои осоишта истифода бурдани фазои кайҳон (24 майи 1972) расман зикр шудааст. Мақсади асосии парвози «Союз—Аполлон» намоиши элементҳои системаҳои ҳамҷояшавандаи қирон дар мадор, намоиши агрегатҳои қӯшшавӣ; санҷиши техника ва таҷҳизоти зарурии аз киштӣ ба киштӣ гузаштани кайҳоннавардон;. андӯхти таҷриба дар бобати ба амал овардани парвозҳон якҷояи Киштии Кайҳонии СССР ва ШМА, аз он ҷумла расондани ёрй дар мавриди зарурӣ (масалан, дар вазъиятҳои фалокат); омӯхтани имконпазирии идораи ориентацияи киштиҳои қушшуда, алоқаи байли киштиҳо, инчунин координацияи амалиёти марказҳои америкоӣ ва советии идораи парвози Киштии Кайҳонӣ. Дар рафти тайёрӣ ба парвоз конструкторони советӣ ва америкоӣ якқатор проблемаҳои мураккаберо доир ба таъмини амалиёти якҷояи василаҳои ҷустуҷӯю қирони Киштии Кайҳонӣ, агрегатҳои қӯшшавии онҳо, системаҳои таъмини ҳаёт, воситаҳои алоқа ва идоракунии парвоз ва ғайра ҳал намудаанд.

15 июли соли 1975 дар соати 15 ва 20 дақиқа (бо вақти Москва) аз космодроми  Байконур Киштии Кайҳонии «Союз-19» (бо вақти Москва) аз космодроми Байконур Киштии Кайҳонии «Союз-19» (бо кайҳоннавардон А. А. Леонов ва В. Н. Кубасов) ва дар соати 22 ва 50 дақ аз космодроми димоғаи Канаверал (штати Флорида) КК-и «Аполлон» (бо кайҳоннавардон Т. Стаффорд, Д. Слейтон ва В. Бранд) парвоз карданд. 17 июл дар соати 19 ва 12 дақ (дар гардиши 36-уми КК-и «Союз-19») ҳар ду Киштии Кайҳонӣ ба ҳам қӯш шуданд. 19 июл дар гардиши 64-уми Киштии Кайҳонии «Союз» ҳар ду киштӣ аз ҳамдигар ҷудо ва дар гардиши 66-ум боз ба ҳам қӯш шуданд. Баъди дар гардиши 68-ум маротибаи дуюм ҷудо карда шудан, парвози минбаъдаи Киштии Кайҳонии «Аполлон», аз Киштии Кайҳонии «Союз» программаҳои мустақил ба амал омад. Парвози Киштии Кайҳонии «Союз» 5 шаборӯзу 22 с 31 дақ ва парвози «Аполлон» 9 шаборӯзу 11 соату  28 дақиқа парвози якҷояи онҳо дар ҳолати қӯш 46 соату 36 дақ давом кард. Дар вақти парвози якҷояи киштиҳо чунин тадқиқоти илмӣ ва таҷрибаҳои таъсироти омилҳои парвозҳои техникӣ гузаронда шуданд: «гирифти сунъии Офтоб (ҳангоми Офтобро «панаҳ» кардани Киштии Кайҳонии «Апполон» аз Киштии Кайҳонии «Союз» истода омӯхтани тоҷи Офтоб ва газҳои атрофи Киштии Кайҳонӣ); «Фурӯбурди ултрабунафш» (чен кардани концентрацияи оксиген ва нитрогени атомарии фазои кайҳонӣ дар баландии парвози КК) ва ғайра. Парвози «Союз—Аполлон» дар инкишофи ҳамкории байналхалқӣ оид ба тадқиқ ва ба мақсадҳои осоишта истифода бурдани фазои Кайҳон иқдоми муҳиме буд.

Инчунин кобед

vozdushno-kosmicheskiy-samolot-spaceshiptwo-01

САМОЛËТИ ҲАВОИЮ КАЙҲОНӢ

САМОЛËТИ ҲАВОИЮ КАЙҲОНӢ, аппарат париши реактивии идорашавандаи кайҳониро гӯянд, ки сатҳи баранда дорад ва бисёркарата …