Главная / Гуногун / СОЯИ ИШҚ – Китоби Повест ва ҳикояҳо, Душанбе, «Адиб», 2007

СОЯИ ИШҚ – Китоби Повест ва ҳикояҳо, Душанбе, «Адиб», 2007

Равшани Махсумзод

Сояи ишқ

                                          (Повест ва ҳикояҳо, Душанбе, «Адиб», 2007)

 Ҷазо

Ҷавон дар дами ғори фарози кўҳ нишаста, ба деҳа менигарист. Дар поён деҳа бо боғоти сарсабзу хонаҳои бомҳояшон пасту баланд, дарёи тезоб, қабристони паҳновар ва пайроҳаҳои каҷу килебаш гўё ба ғанаб мерафт. «Ин қадар зебо, – аз дил гузаронд  ҷавон. – Чаро ман то имрўз чандин бор ба ин қулла баромада бошам ҳам, инро дарк накардам.”
pdfБорбардории китоб (скачать) >>>> 
Ҳарчанд деҳа дар зери пояш буд, ҷавон наметавонист поин шавад. Зеро вай ба як рафтори нангини худ ҳама дарҳои деҳаро ба рўйи худ баста буд.

Он бегоҳ, ҷавон, ки Қаҳҳор ном дошт, аз як маърака бармегашт. Вақти говгум буд. Азбаски дар деҳа чанд дақиқа пеш барқ якбора хомўш гашта буд, хонаҳои гирду атроф дар ҳукми торикӣ буданд. Чароғи ягона мағозаи деҳа низ, ки шабҳо ҳамеша чени хирманҷо назди дари онро фурўзон мекард, хомўш буд. Ҷавон аввал ба он аҳамият надода, гузаро шуд, аммо панҷ – шаш қадам монда, боз ба қафо нигарист. “Айни муддао”, – аз дил гузаронд вай ва боз роҳашро идома дод.

Нисфи шаб оҳиста аз ҷой хеста, берун баромад. Деҳа сокит буд. Сукунати онро танҳо садои паст ва якнавохти резаборон, ки аз новдони айвон мешорид, халалдор месохт. Чеҳраи ҳаво гирифта буд, дар осмон ситорае наменамуд. Қаҳҳор оҳиста ба анбор, ки дар тарафи рости дарвоза буд, даромада, оҳани нўгкаҷро гирифта, ба бағалаш сахид ва хам шуда, банди кедиашро кушоду аз нав маҳкамтар баст. Сипас дуздона қадам зада, аз дарвоза берун шуд ва дере нагузшта ба назди мағоза расид. Аввал чанд лаҳза ноҷунбон  истода, ба гирду атроф назар андохт ва чун бовар ҳосил кард, ки касе ва садое намеояд, бо асбоби ҳамроҳ овардааш танбаоҳани дари қафои мағозаро ба кандан оғозид. Пас аз кашмакаши зиёд дар боз шуд ва Қаҳҳор ба дарун қадам монд. Дохили мағоза низ торик буд. Вай бо фонусчаи кисагиаш пеши пояшро равшан карда, ғалладони мизеро, ки фурўшанда ҳамеша пулҳои аз мизоҷон гирифтаашро ба он мегузошт, (Қаҳҳор борҳо ҳангоми харид кардан инро мушоҳида карда буд) сўи худ кашид. Ғалладон холӣ буд. «Лаънатӣ, ҳамроҳ бурдааст», – ғурунгид вай ноумедона.

Ҳамин вақт ғиҷирросзанон кушода шудани дари мағоза ба гуш расид.

– Кистӣ?! – баланд шуд овози посбони мағоза  Сулаймон-амак.

Қаҳҳор садое набаровард.

Посбон чун ҷавобе нашунид, пас аз чанд дакиқа дар як даст таёқ ва дар дасти дигараш фонус пеш омад. Ҳамин ки ба толори мағоза (хонаи қафо анбор буд) дохил шуд, аз пешпо додани Қаҳҳор , ки дар таги миз чо шуда буд, пару афтид ва фонус аз дасташ хато хўрда, садои кунде дар толор  печид. Қаҳҳор ба муйсафед фурсати хестан

Дар борамон anvarj63

Инчунин кобед

САҚАВӢ

САҚАВӢ, нигаред, Лукнат.