Маълумоти охирин

Соя

soya

Соя       дар деҳқонии ҷаҳонӣ дар байни зироати ғалладонаю лӯбиёиҳои равғандор ҷои якумро ишғол мекунад. Дар Тоҷикистон аввалин бор баъди Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ якчанд навъи Сояро дар заминҳои лалмии Стандарти давлатии тухмӣ ҳамчун зироати равғандор кишт карданд. Аз соли 1960 сар карда дар заминҳои обӣ ва лалмии республика бо мақсади гирифтани ҳосили баланд 8 навъи Сояи Шарқи Дур ва 5 навъи Краснодар санҷида шуданд. Соя растании рӯшноӣ ва гармию намипарвар буда, дар заминҳои обии республика 25—35 ц/га ва лалмӣ то 15 ц/га дон медиҳад. Сояро барои баргу пояи сабзаш бо ҷуворимакка, ҷуворӣ, чойҷуворӣ ва дигар зироати силосбоб низ омехта кишт мекунанд. Аз кишти омехтаи заминҳои обӣ зиёда аз 500—600 ва лалмӣ 250—350 ц/га баргу пояи сабз мегиранд. Дар колхозҳои ба номи Жданов, «Ленинизм»-и ноҳияи Ҳисор ва хоҷагии таълимии «Ҳисор»-и Институти хоҷагии қишлоқи Тоҷикистон, колхози ба номи В. И. Ленин ва совхози «60-солагии Октябр»-и ноҳияи Исфара, совхозҳои ба номи М. И. Калинини ноҳияи Ленин, «Октябр»-и ноҳияи Файзобод ва ғайра дар натиҷаи бо ҷуворимакка, чойҷуворӣ ва арзани сурх омехта кишт кардани Соя дар солҳои гуногун (аз соли 1961) бештар аз 200 ц/га баргу пояи сабз гирифтаанд. Ҳосилнокии Соя ба ҳосилхезии хок вобаста аст. Соя дар хокҳои гуногун, ғайр аз туршхок, шибарзамин, шӯрзамин нағз месабзад, дар заминҳои сиёҳхок ҳосили бештар медиҳад. Дар шароити хоки республика Соя ба ҳисоби миёна бештар аз 30—35 ц/га ҳосил медиҳад. Навъҳои беҳтарини Соя инҳоянд: «Узбекская-2», «Комсомолка», «Кубан», «Пламя» (30—32 ц/га) ва ғайра. Навъи нави «Орзу», ки Институти тадқиқоти илмии зироати Тоҷикистон ба вуҷуд овардааст, 25—27 ц/га дон ва 300—320 ц/га баргу пояи сабз медиҳад. Сояро бо комбайнҳои СК-4, СК-5, «Нива», «Колос» ва ғайра медараванд.

 

Сояро ба мақсадҳои гуногун истифода мебаранд. Дони он 33—48% сафеда, 15—16% равған, 25—27% протеин, витаминҳои А, Д, В, Е, С ва ғайра дорад. Сафедаи Соя аз ҷиҳати таркиби аминокислотаҳо ба сафедаи ҳайвон наздик аст. Дон ва ғилофакҳои норасидаи Сояро дар хӯрок истифода мебаранд, аз орди Соя шир, ширтӯпа (творог), маҳсулоти қаннодӣ ва ғайра тайёр мекунанд. Аз Соя ба миқдори зиёд равған низ мегиранд. Равғани Соя дар саноати хӯроквори аҳамияти калон дорад. Онро барои тайёр намудани маҳсулоти гуногун, инчунин дар тиб истифода мебаранд, 30%-и равғани хӯрокии дунёро равғани Соя ташкил медиҳад. Дони Соя барои тайёр намудани маҳсулоти гуногун (нахи сунъӣ, пластмасса, ширеш, ранг, лок, собун ва ғайра) ва истеҳсоли маҳсулоти хӯрокӣ ашёи хоми асосист. Кунҷораи Соя барои чорво хӯроки серғизост; 38,7% протеин, 1,44% равған ва 28,9% моддаҳои киёмии бенитроген дорад. 1 ц баргу пояи сабзи Соя баробари 21 воҳиди хӯрокӣ ва 3,5 кг протеини ҳозим аст.

Ад.: Рекомендация по возделыванию сои на орошаемых землях Таджикистана, Душанбе, 1980.

А. Холматов.

Инчунин кобед

saba

САЪБА

САЪБА, номи ду намуди паррандаест аз қатори гунҷишкҳо. Дарозии танаш 12 сантиметр, қисми пеши сараш …