Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / СОЯ – Ҳушанг Ибтиҳоч

СОЯ – Ҳушанг Ибтиҳоч

СОЯ    (тахаллус; Ҳушанг Ибтиҳоч; таваллуд 1927, Рашт), шоири эронӣ. Маълумоти ибтидоӣ ва миёнаро дар шаҳри Рашт гирифт. Аз 16-солагӣ ба шеъргӯӣ пардохт. Маҷмуаи аввалинаш «Нахустин нағмаҳо» (1946). Ашъори шоир дар маҷмуаҳои «Сароб» (1951), «Сиёҳмушк» (1953), «Шабгир» (1953) гирд оварда шудаанд. Пас аз солҳои 60, ба сабабҳои номаълум, шеъри Соя дар матбуоти Эрон хеле кам пайдо мешавад. Маҷм, охиринаш «Замин» (1955). Соя шоири пешқадам аст. Вазъи душвори зиндагии мардуми заҳматкаши Эрон, харобии мамлакат, муборизаи қувваҳои демократӣ бар зидди қувваҳои иртиҷоӣ ва хориҷӣ мавзӯи асосии эҷодиёти ӯст. Соя дар шеър давомдиҳандаи равияи эҷодии Нимо Юшиҷ аст.

Осор: Замин, Душанбе, 1978.

Ф. Наҷмонов.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …