Маълумоти охирин
Главная / Ҷамъият / СОХТМОНИ САНОАТ

СОХТМОНИ САНОАТ

СОХТМОНИ САНОАТ, як соҳаи саноатро гӯянд, ки фондҳои асосии саноатро ба вуҷуд меорад (нигаред Саноат). Вазифаи Сохтмони саноат— иҷро кардани комплекси корҳои сохтмону монтаж, таъмин намудани кори корхонаҳои нав ё корхонаҳои пештарае, ки аз нав сохта шудаанд. Сохтмони саноат ва саноат дар таҳияи лоиҳаҳои техникӣ (маҳсуса технологияи он), ҷогузории супоришҳо ва бо таҷҳизоту масолеҳи махсус таъмин кардани сохтмон, тайёр намудани мутахассисон ва ғайра бо ҳамдигар алоқаи зич доранд.

industry

Солҳои 1918—79 ба саноати СССР 1964, 3 млрд сӯм маблағ ҷудо карда шуд. Аз нисф зиёди он ба корҳои сохтмону монтаж сарф гардид.

Соли 1979 зиёда аз 200 корхонаҳои давлатии калони саноатӣ ба кор даромаданд, корхонаҳои мавҷуда бо техникаи нав таҷҳизонида шуданд.

Сохтмони саноат дар Тоҷикистон низ босуръат тараққӣ мекунад. Дар давраи баъдиҷангӣ 3аводи рехтагарии механикии Конибодом, Комбинати шпати гудохташавандаи Такоб, Комбинати масолеҳи бинокории Вахш, ГЭС-и Варзоби Поён ба кор даромаданд. Дар панҷсолаи 5-ум 20 корхонаи нави саноатии пуриқтидор ва аз ҷиҳати техникӣ мукаммал бино ёфтанд. Силсилаи стансияҳои электрии обии Варзоб (3 ГЭС, охирниаш соли 1956; иқтидори умумиашои 25,4 ҳазор кВт), ГЭС-и Қайроқум (1957, дар дарёи Сир; иқтидораш 126 ҳазор кВт), стансияҳои электрии обии Шаршара (1960, иқтидораш 30 ҳазор кВт) ва Сарбанд (1969, иқтидораш 210 ҳазор кВт), Стансияҳои электрии олавии Душанбе (иқтидораш 216 ҳазор кВт) ба кор даромаданд. Сохтмони ГЭС-и калонтарини Осиёи Миёна—Норак (иқтидораш 2700 ҳазор кВт), Комбинати электрохимиявии Ёвон, Заводи алюминийи Тоҷикистон ва дигар корхонаҳо оғоз ёфт. Дар панҷсолаи 10-ум Комбинати маъдантозакунии Анзоб, Стансияи электрии обии Норак (шиддати хати электргузаронаш 500 кВ), заводи алюминий, газопроводи магистралии Колиф— Душанбе, Комбинати хонасозии Ленинобод, навбати дуюми Иттиҳодияи қолинбофии Қайроққум ва ғайра ба кор даромаданд.

Дар панҷсолаи 12-ум ба истифода додани иқтидорҳои нази заводаи алюминий, давом додани сохтмони заводи электрохимиявии Ёвон, стансияҳои электрии обии Роғуну Бойғозӣ, ба кор андохтани иқтидорҳои иловагии комбинатҳои маъдантозакунии Анзоб, сурбу руҳи Адрасмон ва ғайра пешбинӣ шудааст.

Инчунин кобед

САҒОНА

САҒОНА 1) қабре, ки аз хишти пухта 6 санг ба шакли гаҳвора сохта, дар он …