Маълумоти охирин
Главная / Ҷамъият / СОХТМОНИ НАҚЛИЁТ

СОХТМОНИ НАҚЛИЁТ

СОХТМОНИ НАҚЛИЁТ, як соҳаи сохтмонро гӯянд, ки сохтмону азнавсозии иншооти нақлиёти автомобилӣ, обӣ, ҳавоӣ, роҳи оҳан ва ғайраро ба амал мебарорад; сохтмони роҳҳои оҳану автомобил, электриконӣ, автоматика ва телемеханикаи роҳи оҳан, пӯшиши роҳҳо ва аэродромҳо, кӯпрукҳо, ғулбаҳои магистралии нефту газ, вокзалҳо, депо ва ғайраро ба ҷо меоварад.

soxtmoni-nakliyot

Сохтмони нақлиётиро дар СССР мувофиқи планҳои перспективии системаи ягонаи нақлиёт ба амал мебароранд. Аввалин программаи 2-солаи Сохтмони нақлиётиро бо қарори СКХ аз 27 марти 1919 муайян кардаанд. Дар солҳои Ҷанги гражданӣ ва интервенцияи ҳарбӣ (1918—20) 1000 км роҳи оҳани нав сохта шуд. С 1920 бо ташаббуси В.    И. Ленин плани ГОЭЛРО, ки дар он электриконии роҳҳои оҳан ва сохтмони роҳҳои нав пешбинӣ шуда буд, қабул гардид.

Дар панҷсолаҳои пешазҷангӣ (1929 —40) 13,4 ҳазор км роҳи оҳани нав сохта шуданд.

Баъди ҷанг Сохтмони нақлиётӣ бо суръат тараққӣ кард. Солҳои 1945—75 магистрали роҳи   оҳани Ҷануби Сибир, роҳҳои Тайшет — Лена, Барнаул — Омск, Тюмень — Тобольск ва ғайраро сохта, магистрали калонтарини Москва — Байкал, Ленинград — Москва — Ленинакан, Москва — Киев — Чоп, Қарағанда — Целиноград — Магнитогорск электриконида шуданд. Соли 1974 сохтмони Магистрали Байкалу Амур (дарозии умумиаш аз Уст-Қут то Комсомолски Амур 3145 км) оғоз ёфт. Пурра ба истифода додани ин роҳ барои дар хоҷагии халқ истифода намудани сарватҳои зиёди табиӣ, барои бунёд кардани ноҳияҳои калони нави саноатӣ ва сохтани шаҳру посёлкаҳои нав имкон модиҳад. Соли 1979 навбати дуюми газопроводҳои Уренгой—Челябинск (дароаиаш 1600 км), Шебелинка — Днепропетровск— Кривой Рог — Измаил ва Грязовец—Ленинград (дарозии ҳар кадоме 600 км) ба истифода дода шуд.

Дар Республикаи Совети Сотсиалистии Тоҷикистон Сохтмони нақлиёти асосан баъд аз ғалабаи Революсияи Октябр инкишоф ёфт. Соли 1925 сохтмони роҳи оҳани Самсонов — Тирмиз — Душанбе ва соли 1929 сохтмони роҳи автомобил сар шуд.

Соли         1940 роҳи автомобилии Помир ба охир расид. Роҳҳои байниреспубликавии Душанбе — Тирмиз, Хоруғ — Уш, Панҷакент — Самарқанд, Уротеппа — Хавос,      Ленинобод — Тошкент ва ғайра сохта шуданд. Нигаред низ Нақлиёти роҳи оҳан, Нақлиёти автомобилӣ, Роҳ.

Инчунин кобед

САҒОНА

САҒОНА 1) қабре, ки аз хишти пухта 6 санг ба шакли гаҳвора сохта, дар он …