Маълумоти охирин
Главная / Ҷамъият / СОХТМОНИ КОММУНАЛӢ

СОХТМОНИ КОММУНАЛӢ

komunal

СОХТМОНИ КОММУНАЛӢ, як соҳаи сохтмонро гӯянд, ки барои хоҷагиҳои коммуналӣ иншооту корхонаҳо месозад. Иншооту корхонаҳое, ки Сохтмони комуналӣ месозад, инҳоанд: системаи таъмини об, канализация, шабакаю иншооти обтозакунанда; депо ва корхонаҳои таъмир, шабакаҳои об, газу гармитаъминкунанда, меҳмонхонаҳо; иншооти гидротехникии шаҳр; муассисаву иншооти ободонии маҳалҳои аҳолинишин, сабзкорӣ, сохтмони роҳҳо, пулҳо, корхонаҳои беҳдошти санитарӣ, коркарди партовҳо ва ғайра.

Солҳои Ҳокимияти Советӣ хоҷагии манзилгоҳ дар Тоҷикистон низ босуръат тараққӣ кард. Соли 1930 масо- ҳати хонаҳои давлатии дар шаҳрҳо буда 455 ҳаз. м2 буд. Дар Душанбе сохтмони аввалин хонаҳои ду — сеошёна солҳои 30 сар шуд.

Сохтмони манзилгоҳ дар солҳои баъдиҷангӣ, махсусан солҳои 50 ва аввали солҳои 60, баъди таъсиси базаи сохтмони саноат ва ҷорӣ намудани усули хонасозии калонпанелӣ авҷ гирифт. Охири солҳои 60 дар пойтахти республика сохтмони хонаҳои ҳаштошёна сар шуд.

Дар Душанбе аввалин ғулбаи обгузар (дарозии шабакааш 9 км) соли 1932 сохта шуд. Он дар як шаборӯз 600 м3 об медод. Дар паяҷсолаи 8-ум (1966—70) дар шаҳрҳои Ленинобод, Кӯлоб, Исфара, Норак, Панҷакент, раёнҳои Айнӣ, Ишкошим, Колхозобод, Нов, посёлкаҳои Октябру Тоҷикобод 11 хатти нави ғулбаҳои обгузар сохта шуд. Шабака ва иқтидори ғулбаҳои обгузари 19 шаҳр (аз ҷумла Душанбе) ва маркази районҳо васеъ карда, 306 км ғулбаҳои об гузаронида шуданд ва дар давоми 5 сол таъминоти об беш аз 2 баробар афзуд.

Дар 7 шаҳр—Душанбе, Ленинобод, Қӯрғонтеппа, Ӯротеппа, Кӯлоб, Чкаловск ва Норак канализасияҳои дорои иншооти обтозакунанда мавҷуданд. Дар панҷсолаи 9-ум (1971—75) дар Душаибе навбати дуюми иншооти обтозакунанда бунёд гардид, дар Ленинобод, Конибодом, Исфара, Қайроққум, Шаҳртуз ва Восеъ канализацияву иншооти обтозакунанда сохта шуданд.

Дар Душанбе аввалин троллейбус соли 1955 ва дар Ленинобод соли 1970 ба кор даромад.

Қариб дар ҳама шаҳрҳо ва маркази районҳо меҳмонхонаҳои нави обод мавҷуданд. Меҳмонхонаҳои боҳашамати «Тоҷикистон», «Душанбе», «Вахш», «Помир», «Ленинобод» ва ғайра сохта шуданд. Соли 1980 хизмати маишӣ 1,6 баробар, аз ҷумла дар деҳот беш аз 1,8 баробар афзуд. Қариб 90 корхона ва иттиҳодияҳои калон ба аҳолӣ хизмати маишӣ мерасонанд.

Инчунин кобед

САҒОНА

САҒОНА 1) қабре, ки аз хишти пухта 6 санг ба шакли гаҳвора сохта, дар он …