Маълумоти охирин
Главная / Ҷамъият / СОХТМОН

СОХТМОН

СОХТМОН, бинокорӣ, як соҳаи истеҳсолоти моддиро гӯянд, ки барои соҳаҳои гуногун бино (корхонаҳои истеҳсоли, хонаҳои истиқоматӣ, биноҳои ҷамъиятӣ), иншоот ва ғайра месозад.

soxtmon

Давлати Советӣ аз рӯзҳои аввали мавҷудияти худ ба Сохтмон диққати махсус дод. Моҳи маи 1918 барои тартиб додани план ва баамалбарории Сохтмони давлатӣ дар ҳайати Совети умумироссиягии хоҷагии халқ (ВСНХ) Комитети иншооти давлатӣ таъсис ёфт. Соли 1920 Съеэди 8-уми умумироссиягии Советҳо плани ленинии ГОЭЛРО-ро тасдиқ намуд. Декрети СКХ аз 21 феврали соли 1921 ҳар сол тасдиқ намудани плани ягонаи Сохтмонро пешбинӣ кард.

Илми Сохтмон (бинокорӣ) таҷрибаҳои бинокориро тадқиқу ҷамъбаст намуда, қонунҳои объективии тараққии Сохтмонро муайян мекунад. Вай маҷмуи илмҳои назариявӣ, лоиҳакашӣ ва технологияи тайёр намудани конструкцияҳои бинокорӣ, проблемаҳон таҷҳизоти инженерӣ ва техникаи санитарии шаҳрҳо, биною иншоотҳо, технологияи истеҳсолоти бинокори, проблемаҳои гидротехникӣ, нақлиётӣ, иқтисодиёти бинокорӣ ва ғайраро дар бар мегирад. Дар СССР зиёда аз 100 институти тадқиқоти илми ҳастанд ва дар онҳо қариб 15 ҳазор кас оид ба Сохтмон тадқиқот мебаранд.

Сохтмон дар Тоҷикистон. То инқилоб дар республика Сохтмон қариб вуҷуд надошт. Асосан солҳои аввали Ҳокимияти Советӣ сар шуд. Он вақтҳо дараҷаи теҳникии Сохтмон паст буд, корҳоро бештар дастӣ иҷро мекарданд. Инженерони бинокор хеле кам буданд. Аввали солҳои 30 дар республика 7 муассисаи бинокории пудрати-трестҳои «Тоҷикгосстрой», «Промстрой», «Водоканалсвет» ва идораҳои таъмиру бинокорӣ ташкил шуданд. Дар панҷсолаи 1- ум (1928—32) ҳаҷми маблағгузории республика ба 57,5 млн сӯм расид, ки ин назар ба солҳои пештара (1924—28) 3,8 баробар зиёд буд. 85 корхона ва цехҳои саноати, аз он ҷумла Комбинати абрешими Ленинобод, комбинатҳои консерви меваи Ленинободу Конибодом, Комбинати полиграфии Душаибе, заводҳои равғанкашӣ, хишт, пахта, Фабрикаи дузандагии Душанбе ва дигарҳо ба кор даромаданд. Дар панҷсолаҳои пешазҷангӣ даҳҳо корхонаҳои саноати сӯзишворӣ, коркарди металл, пахта, абрешам, дӯзандагӣ, пойафзол, консерв ва дигар соҳаҳои саноат сохта ба истифода дода шуданд. Сохтмони роҳ вусъат ёфт. Истеҳсоли воситаҳои истеҳсолот тараққӣ кард. 3аводи рехтагарии механнкии Конибодом, Комбинати шпати гудохташавандаи Такоб, Комбинати масолеҳи бинокории Вахш, ГЭС-н Варзоби Поён ба кор даромаданд. Дар панҷсолаи 5-ум 20 корхонаи нави саноатии пуриқтидор ва аз ҷиҳати техникӣ мукаммал бино ёфтанд. Силсилаи стансияҳои электрии обии Варзоб (3 ГЭС, охиринаш соли 1956, иқтидори умумиашон 25,4 ҳазор кВт), ГЭС-и Қайроққум (1957, дар дарёи Сир, иқтидораш 126 ҳазор кВт), стансияҳои электрии обии Шаршара (1960, иқтидоаш 30 ҳазор кВт) ва Сарбанд (1969, иқтидораш 210 ҳазор кВт), Стансияи электрии олавии Душанбе (иқтидораш 216 ҳазор кВт) ба истифода дода шуданд. Сохтмони ГЭС-и калонтарини Осиёи Миёна — Норак (иқтидораш 2700 ҳазор кВт), Комбинати электрохимиявии Ёвон, Заводи алюминии Тоҷикисгон, ва ғайра сар шуд.

Охири солҳои 1950 дар Тоҷикистон 7 муассисаи бинокории пудратӣ буд. Соли 1958 шумораи онҳо ба 48 расид. Соли 1979 дар республика 265 муассисаи пудратӣ 635 млн сӯмина корҳои бинокорию монтажро иҷро карданд. Дар Тоҷикистон корҳои бинокориро асосан муассисаҳои пудратин вазоратҳои сохтмон, мелиорация ва хоҷагии оби СССР ва Тоҷикистон, Вазорати энергетика ва электриконии СССР, Вазорати корҳои сохтмону монтажии СССР, вазоратҳои нақлиёт ва хоҷагии роҳ, хоҷагии қишлоқ, корҳои дохилӣ ва алоқа иҷро мекунанд. Беш аз 90% ҳаҷми умумии корҳои сохтмону монтажро пудратчиҳо ба ҷо меоранд.

Дар натиҷан зиёд шудани шумораи коргарон, баландшавии таъмини фонд ва татбиқи усулҳои пешқадами идоракунии Сохтмон иқтидори истеҳсолии муассисаҳои бинокории республика афзуд. Соли 1979 дар Сохтмони республика ҳазорҳо коргарону мутахассисон кор мекарданд, арзиши фондҳои асосӣ бошад, аз 515 млн сӯм зиёдтар буд. Афзоиши таъмини фонд ба зиёдшавии шумораи мошину механизмҳои асосии бинокорӣ мусоидат кард. Сохтмони республика соли 1979-ум 1000 экскаватор, 369 скрепер, 1320 булдозер ва дигар мошинҳо дошт. Ҳоло корҳои асосии Сохтмон пурра механиконида шудаанд. Навъу хелҳои масолеҳи бинокорӣ зиёд ва сифати онҳо мунтазам беҳтар мегардад.

Асоси индустронии Сохтмони Тоҷикистон татбиқи васеи конструкцияҳои оҳанубетон ва маснуоти заводӣ мебошад. Сохтмон 1962 дар Тоҷикистон барои Сохтмони саноатӣ ва гражданӣ панелҳои оҳанубетони сабук истеҳсол карданд. Хонасозии калонпанелӣ босуръат тараққӣ кард, ба ҷои панели сеқабата панелҳои якқабата бароварданд, ки ин боиси камшавии арзишу вазни биноҳо гардид.

Сохтмон 1962 дар Душанбе аввалин заводи хонасозии калонпанелӣ (иқтидораш соле 35 ҳазор м2 хона буд) ба истифода дода шуд. Соли 1964 дар Қаироққум заводи дуюми хонасозии калонпанелӣ ба кор даромад. Минбаъд чунин заводҳо дар дигар шаҳрҳои республика низ сохта шуданд. Соли 1970 дар ҳаҷми умумии корҳои сохтмону монтажи республика ҳиссаи панелҳои оҳанубетон 20%, аз ҷумла дар Сохтмони саноату нақлиёт 40% ва Сохтмони манзилгоҳ 22% буд.

Дар панҷсолаи дувоздаҳум маблағи сохтмони асосии Республикаи Совети Сотсиалистии Тоҷикистон ба 8 млрд сӯм мерасад, ки назар ба панҷсолаи ёздаҳум 1,4 баробар зиёд аст. Солҳои 1986—90 Сохтмони як қатор корхонаҳою объектҳои нав, аз ҷумла комбинатҳои гӯшти Кӯлоб, консерви Ӯротеппа, ордкашии Турсунзода ва Кӯлоб, заводҳои нони Душанбе ва Ленинобод, роҳи оҳани Қӯрғонтеппа— Кӯлоб, ГЭС-и Сангтӯда, ТЭЦ-и дуюми Душанбе ва ғайра пешбинӣ шудаанд. Дар ин давра Сохтмони роҳҳои автомобилгарди Душанбе — Ленинобод (аз байни қаторкӯҳи Ҳисор) ва Кӯлоб —Қалъаихум давом дода мешавад. Ғайр аз он, дар панҷсола агрегатҳои якуми ГЭС-ҳои Роғун ва Помир ба кор медароянд. Сохтмони заводдҳои алюминийи Турсунзода ва электрохимиявии Ёвон, ГЭС-н Бойғозӣ ба анҷом мерасанд; заводҳои гидрометаллургии Исфара, «Тоҷикгидроагрегат», трансформаторбарории Қӯргонтеппа реконструкция карда мешаванд.

Дар республика тақрибан 20 муассисаҳои лоиҳакашии Сохтмон, аз ҷумла «Тоҷикгипрострой», «Тоҷикгипропром», «ТоҷикГИНТИЗ», «Тоҷикгипроводхоз», «Тоҷикгипроселстрой» мавҷуданд.   Л. И. Михайлушкина.

Инчунин кобед

САҒОНА

САҒОНА 1) қабре, ки аз хишти пухта 6 санг ба шакли гаҳвора сохта, дар он …