Маълумоти охирин
Главная / Ҷамъият / СОХТИ ҶАМОАВИИ ИБТИДОӢ

СОХТИ ҶАМОАВИИ ИБТИДОӢ

СОХТИ ҶАМОАВИИ ИБТИДОӢ, аввалин формацияи ҷамъиятию иқтисодӣ дар таърихи инсоният. Асосгузорони таълимот дар бораи Сохти ҷамоавии ибтидоӣ ҳамчун формацияи хоси ҷамъиятию иқтисодӣ К. Маркс ва Ф. Энгелс мебошанд. В. И. Ленин онро минбаъд инкишоф дод. Бино ба ақидаи маъмули илми муосир Сохти ҷамоавии ибтидоӣ замонеро аз пайдоиши одамони аввалин то ба вуҷуд омадани ҷамъияти синфӣ дар бар мегирад, ки мувофиқи даврабандии археологӣ ба асри санг рост меояд. Дар Сохти ҷамоавии ибтидоӣ муносибати ҳамаи аъзоёни ҷамъият ба воситаҳои истеҳсолот як хел аст, аз ин рӯ, тарзи ҳиссаи маҳсулоти ҷамъиятиро гирифтани онҳо низ ягона буд, ки истифодаи истилоҳи «коммунизми ибтидои» бо ҳамин алоқаманд аст. Фарқи Сохти ҷамоавии ибтидоӣ аз марҳалаҳои минбаъда он аст, ки дар ин давра моликияти хусусӣ, синфҳо ва давлат набуданд. Замони ташаккули одам ва ҷамъият дар давраи қадимтарини таърихи инсоният буд. Одамони шаклгирифта дар ҷамъияти бавуҷудоянда зиндагӣ мекарданд, ки онро бнсёр олимони советӣ, «рамаи ибтидоии одамон» меноманд. Агар архантроп (пигекантроп, синантроп, атлантроп, одами еёйделберги ва ғайра) одамони аввалин дониста шаванд, санаи пайдоиши «рамаи ибтидоии одамон»-ро 1 млн сол пеш шуморидан мумкин аст. Мувофиқи ақидаи маъмултар давраи «рамаи ибтидоии одамон» ба аввали палеолит рост меояд.

ibtidoi

Маҳалҳои истиқомати одамони аввалин — архантропҳо нисбатан маҳдуд буда, онҳо фақат дар ноҳияҳои иқлимашон гарм (Африка, Осиёи Шарқӣ ва Ҷанубӣ, Европаи Ҷанубу Ғарбӣ) зиндагӣ мекарданд. Машғулияти асосии онҳо шикори коллективӣ буда, найзаҳои чӯбӣ, калтак ва сангро ҳамчун аслӣҳа истифода мебурданд. Синантропҳо оташро истифода мекарданд. Баъди гуазштан ба палеоантропҳо (неандерталиҳо) шикор василаи асосии зиндагӣ гардид. Одамон ноҳияҳои иқлимашон хунукро аз худ мекарданд. Усулҳои коркард ва истифодабарии санг такмил меёфт.

Ба зироат ва чорводорӣ гузаштани одамон гардиши куллие буд дар инкишофи қувваҳон истеҳсолкунандаи инсоният. Агар дар гузашта инсон хӯрокро фақат дар шакли тайёри табиӣ ба даст меоварда бошад, акнун онро худаш истеҳсол мекард, ки он барои афзоиши аҳолӣ шароит фароҳам овард. Пайдоиши зироат ва чорводорӣ истеҳсоли мунтазами маҳсулоти изофаро таъмин намуда, ба ҷамъияти синфӣ гузаштанро имконпазир ва дар оянда ногузир гардонд. Дар охири фазаи дуюм барои ташаккули ҷамъияти синфӣ тамоми шароитҳои зарурӣ ба вуҷуд омаданд. Худи пайдоиши ҷамъияти синфӣ ҷараёни тӯлонӣ, мураккаб ва мухталифе буд. Чамоа тадриҷан ба системаи торафт бештар аз якдигар фарқкунандаи хоҷагиҳои хонагӣ, оилаи ҷуфтон ба оила моногамӣ (якканикоҳӣ) табдил меёфт. Баъазе он ба пайдоиши оилаи калони падаршоҳӣ алоқаманд аст. Аз деҳқонӣ ҷудо шудани ҳунармандӣ ба инкишофи минбаъдаи гардиши мол мусоидат намуд. Нобаробарӣ аз ҷиҳати молу мулк, ки пештар ба вуҷуд омада буд, зиёд шуд. Шаклҳои аз худ намудани маҳсулоти изофа инкишоф ёфта, ба системаи муносибатҳои истисморӣ табдил меёфт. Ғуломӣ ва шаклҳои тобеияти асоратовар авҷ мегиранд. Моликияти хусусӣ тадриҷан ташаккул меёбад. Зиддиятҳои иҷтимоӣ ба вуҷуд омада тезутунд мегарданд. Шаклҳои алоҳидаи давлат ба вуҷуд омаданд, ки яке аз онҳо демократияи ҳарбӣ буд. Ҷангҳои ғоратгарона меафзуданд. Онҳо процесси пайдоиши синфҳо ва давлатро тезонданд.

Ёдгориҳои Сохти ҷамоавии ибтидоӣ дар терреторияи Тоҷикистон. Маълумотҳои археологӣ шаҳодат медиҳанд, ки қадимтарин қароргоҳҳои одамони асри санги территорияи республика ҳамаи давраҳои инкишофи Сохти ҷамоавии ибтидоӣро инъикос мекунанд.

Бино ба маълумоти олимон инсон тақрибан 2,5 млн сол пеш дар Африкаи Шарқӣ аз олами ҳайвонот ҷудо шудааст. Минбаъд одамон аз Африка дар тӯли ҳазораҳо ба қисмҳои дигари ҷаҳон паҳн шуданд. Онҳо ба шароитҳои мухталифи географи мутобиқ гашта, то охири асри сант дар тамоми сайёра маскан гирифтанд.

Бозёфтҳои Кӯлдара ва Хонақоҳ II (наздикии Ховалинг, тақрибан ним млн сол муқаддам офарида шудаанд) далели пайдоиши қадимтарин одамоии ибтидоӣ дар ҳудуди Тоҷикистон мебошанд. Материалҳо оид ба давраи аввали палеолит (ба давраи тоҷамоатӣ рост меояд) хеле зиёданд. Аз қароргоҳҳои Қаротоғ II (200000 сол пеш) ва Лоҳутӣ I (130000 сол пеш) ба миқдори зиёд олоти сангӣ ёфт шуданд, ки онҳо аз дараҷаи техникаи офариниши олот аз тарафи қадимтарин аҳолии Тоҷикистон маълумот медиҳанд. Одамони маданияти Ҳисор дар замони иқлими нисбатан мусоид ба ҳудуди имрӯзаи ҷануби Тоҷикистон омадаанд (ба замонҳои байни яхбахдии Европа рост меояд). Онҳо дар соҳилҳои дарёҳо маскун шуда буданд. Ҳаёт ва муносибатҳои иҷтимоии хеле оддӣ доштанд. Дар ин замон ҷамъяяти инсони ташаккул меёфт.

Ташкилотҳоя неандерталиҳое, ки дар терреторияи Тоҷикистон 70—40 ҳазор сол пеш мезистанд, нисбатан инкишоф ёфта буданд. Онҳо мағораҳоро аз худ карда ба қароргоҳҳои дарозмуддати худ табдил медоданд. Дар яке аз чунин мағораҳо (Отаиничик), ки дар доманаи қаторкӯҳи Себистоя (дар ноҳияи Данғара) воқест, бостоншиносон зиёда аз 10 ҳазор олати сангӣ ёфтанд, ки онҳо аз ҳаёти мӯътадили одамони ин маҳал шаҳодат медиҳанд. Неапдерталиҳо барои макон суфаҳои дарбиро низ истифода мебурданд. Масалан кашф шудани чунин маконҳо ба монанди Қайроққум (тақрибан 100 км қад-қади соҳили рости дарёи Сир ёфт шудани миқдори зиёди олоти сангӣ) ва Қаробӯра далели онанд.

Дар замони палеолити боло (40—10 ҳазор сол пеш) инсон ба давраи сохти авлодӣ қадам ниҳод. Ҳаёти иҷтимоии одамони палеолити боло (кроманониҳо) хеле мураккаб гардид.

Дар Тоҷикистон танҳо як қароргоҳи палеолити боло — Шуғнов кашф гардидааст. Ҳафриёт нишон дод, ки дар ин ҷо муддати дароз (30—10 ҳазор сол пеш) макони тобистонии одамони палеолити боло вуҷуд доштааст.

Давраи мезолит (10—6 ҳазор сол пеш) нисбатан пурратар омӯхта шудааст. Ба ин давра ҳаёти бодиянишиниро аз сар гузаронидани одамон хос аст. Дар давраи мезолит барои гузаштан ба хелҳои гуногуни хоҷагидорӣ шароити мусоид фароҳам омад. Одамон ғайр аз шикор инчунин ба ҷамъоварии меваю решаҳои хӯрданибоб машғул буданд. Қароргоҳҳои Тутқавул, Дараи Шур (ҳоло зери обанбори Норак мондаанд) ваОшхона (дарПомири Шарқи) ёдгориҳои машҳури он замон ба шумор мераванд.

Дар замонҳои минбаъдаи Сохти ҷамоавии ибтидоӣ неолити асри санг ба охир мерасад. Дар ҳазораи 2 то мелод дар терреторияи Тоҷикистон қабилаҳои мансуби асри биринҷӣ маскан гирифтанд. Нишонаҳои тарзи зиндагии онҳо дар бошишгоҳҳои сершумори Маданияти Қайроқум боқӣ мондаавд. Ин бошишгоҳҳо ба асри биринҷии типи даштӣ мутааллиқанд. Маданияти онро баъзе олимон ба қабилаҳои муташаккил— паҳнкунаядагони азбон ва маданияти ҳиндуевропоӣ нисбат медиҳанд. Сохти ташкилотҳои иҷтимоии ин гуна қабилаҳо дар ёдгории адабии ҳиндӣ ба монанди «Ригведа» хеле хуб тасвир шудааст.

Дар ҷануби Тоҷикистон бошишгоҳҳои Теғӯзак ва Кангурттут, инчунин қабристонҳои тамаддуни Вахшу Бешкент кашф шуданд. Материалҳои ёфтшуда дар бораи ду шакли чооводории кӯчӣ маълумот медиҳанд. Деҳқонии муқимӣ дар ин ноҳияҳо инкишоф наёфтааст. Дар кӯҳистон бошишгоҳҳои шаҳрчамонанд (чунон ки дар Афғонистон, Туркманистон ва ҷануби Узбекистон вуҷуд доштанд) бино наёфтаанд. Нобаробарин тараққиёти таърихӣ дар замоии сохти авлодӣ маҳа дар ҳамин зоҳир мегардад.

В. Л. Ранов.

Инчунин кобед

САҒОНА

САҒОНА 1) қабре, ки аз хишти пухта 6 санг ба шакли гаҳвора сохта, дар он …