Маълумоти охирин
Главная / Ҷамъият / СОХТИ ҒУЛОМДОРӢ

СОХТИ ҒУЛОМДОРӢ

СОХТИ ҒУЛОМДОРӢ, аввалин формацияи синфии ҷамъиятию иқтисодӣ дар таърихи инсониятро гӯянд, ки ба истисмори одам аз тарафи одам асос ёфтааст. Ғуломдорону ғуломон синфҳои асосии Сохти ғуломдорӣ буданд. Муборизаи доимии байни руломдорону ғуломон қувваи инкишофдиҳандаи таърихи Ҷамъияти ғуломдорӣ буд, ки дар заминаи он иқтисодиёту нормаҳои ҳуқуқӣ, ҳаёти маишӣ ва дигар соҳаҳои надстройка ташаккул ёфтанд.

ghulomdoriСохти ғуломдорӣ дар натиҷаи таназзули ҷамоаи ибтидоӣ ба вуҷуд омад. Давлатҳои ғуломдории қадима дар асри 4 ва ибтидои асри 3 то мелод дар Байнаннаҳрайн ва Миср пайдо шудаанд. Сохти ғуломдорӣ дар мамлакатҳои тараққикардаи атиқаи Осиё, Европа ва Африка то асри 3—5 вуҷуд дошт. Дар Юнон ва Рими Қадим он ба дараҷаи олии инкишофи худ расида буд. Сохти ғуломдорӣ дар зинаҳои охирини ҷамоаи ибтидоӣ дар натиҷаи пайдо шудани моликияти хусусӣ ба вуҷуд омадааст. Чорводорӣ, ки нисбат ба азминдорӣ бештар маҳсулоти изофӣ медод, яке аз омилҳои муҳими ташаккули синфҳо шуд. Зиддияти тезу тунди байни сарватмандони қабилаю оммаи бенаво боиси пайдоиши давлати ғуломдорӣ гардид.

асорат афтодан чун як шакли гуломдори

Манбаи асосии ғуломон асирони ҳарбӣ, одамони озоди қарздоршуда ва фарзандони ғуломон буданд. Дар Шарқи Қадим пайдоиши ғуломони патриархалӣ ибтидои бавуҷудоии Сохти ғуломдорӣ буд. Дар Ҳиндустон ва Хитой давра нашъунамои Сохти ғуломдорӣ ба асрҳои 5— то мелод рост меояд.

Кудакдузди - шакли гуломдори

Дар Осиёи Мяёна Сохти ғуломдорӣ дар натиҷаи нобаробариҳои иҷтимоии қабилаҳои алоҳида дар асрҳои 7—6 то мелод ба вуҷуд омад. Қадимтарин давлати ғуломдорӣ давлати Бохтариён буд, ки территорияи васеъ, аз ҷумла Тоҷикистони Шимолӣ ва вилояти Сурхондарёи Ӯзбекистони имрӯзаро дар бар мегирифт. Тақрибан дар ҳамин давра дар водии Зарафшон ва Қашқадарё давлати ғуломдории Суғдиён ба вуҷуд омад. Дар давраи ҳукмронии Бохтариёну Сӯғдиён аксари ғуломонро асирони ҳарбӣ ташкил медоданд.

Дуздидани бадани инсон – дилу гурда ва ҷигар ҳамчун шакли ғуломдорист

Онҳо асосан дар корҳои хоҷагӣ истифода мешуданд. Асрҳои 6—4 то мелод, ки Осиёи Миёна дар ҳайати давлати Ҳахоманишиён буд, давраи инкишофу мустаҳкамшавии Сохти ғуломдорӣ ба шумор мерафт. Баъди территорияи Осиёи Миёнаро забт кардани Искандари Мақдунӣ ва ба ҳайати имперняи бузурги худ дохил кардани он дар ҳаёти ҷамъиятии халқ ва муносибатҳои ғуломдорӣ дигаргунии куллие ба амал наомад. Аристократияи маҳаллӣ бо ёрии истилогарон истисмори ҷамоаҳои патриархалиро дучанд намуда, аз қувваи кории ғуломон васеъ истифода мебурданд.

Дуздидани бадани инсон – дилу гурда ва ҷигар ҳамчун шакли ғуломдорист

Баъди вафоти Искандари Мақдунӣ ва ба давлатҳои алоҳида тақсим шудани империяи он муносибатҳои ғуломдорӣ боз инкишоф ёфтанд. Дар давраи мавҷудияти давлати Юнонию Бохтарӣ баробари инкишофи муносибатҳои ғуломдорӣ дар пешрафти хоҷагӣ саҳми ҷамоаҳои деҳот калон буд. Коркарди замин, обёрӣ, кишту кор, боғдорию чорводорӣ ва ғайра асосан дар деҳот мушоҳида мешуд. Қувваи ғуломон дар сохтмони объекту иншоот ва шаҳрҳо васеъ истифода мешуданд.

Ба асорат гирифта фурухтани одам хамчун гулом
Дар давраи ҳукмронии давлати Кушониён баробари инкишофи муносибатҳои ғуломдорӣ вобастагии ҷамоаҳои озод афзуд. Дар ин давра аристократияи маҳаллӣ тамоми соҳаҳои хоҷагиро ба даст дароварда, истисмори оммаи меҳнаткашро пурзӯр намуд. Муносибатҳои ғуломдорӣ бовуҷуди дар ҳаёти иҷтимоию иқтисодии Осиёи Миёна мавқеи муҳимро ишғол карданашон уклади асосии истеҳсолот набуданд. Дараҷаи инкишофи муносибатҳои ғуломдорӣ дар ноҳияҳои Осиёи Миёна гуногун буд.

Кудаконро ба гадогӣ маҷбур сохтан

Дар ноҳияҳои аз ҷиҳати иқтисодӣ тараққикарда муносибатҳои ғуломдорӣ инкишоф ёфта буданд. Аз ин рӯ, муносибатҳои ғуломдории сарзамини Суғд, Хоразм, Бохтар аз ноҳияҳои кӯҳистони Помир, Бадахшон ва Кӯҳистон фарқ мекарданд. Умуман дараҷаи инкишофи муносибатҳои ғуломдорӣ дар Осиёи Миёна нисбат ба Юнону Рими Қадим паст буд. Асрҳои 5—8 давраи таназзули Сохти ғуломдорӣ ва ташаккули муносибатҳои феодалӣ дар Осиби Миёна мебошад. Нигаред низ феодализм. С. Чононов.

Маҷбуран оиладор кардан – зураки шуй додан ё зан додан Маҷбуран кор фармудан (меҳнати зуроварона) Маҷбуран ба алоқаи ҷинсӣ машғул шудан (секс)

Инчунин кобед

САҒОНА

САҒОНА 1) қабре, ки аз хишти пухта 6 санг ба шакли гаҳвора сохта, дар он …