Маълумоти охирин
Главная / Ҷамъият / СОХТАКОРӢ

СОХТАКОРӢ

pritvorstvo

СОХТАКОРӢ, мувофиқи қонуни ҷиноятии советӣ амалест; ки дар дидаву дониста тартиб додан ё сохтани ҳуҷҷатҳои қалбакӣ зоҳир мегардад. Сохтакорӣ ду навъ мешавад. 1) Сохтакории хизматӣ, яъне аз тарафи шахси мансабдор дидаю дониста ба ҳуҷҷатҳои расмӣ даровардани маълумоти дурӯғ, сохтакорӣ ва пок кардани навиштаҳои расмӣ ва ҳамчунин дар дафтарҳо қайд шудани маълумотҳои бардурӯғ. Сохтакории хизматӣ бо мақсади муайян ё ғаразнок ва ё мулоҳизаҳои шахсӣ содир мешавад. Қайди нодуруст дар ҳуҷҷат аз беэҳтиётӣ ё саҳв беинтизомӣ дониста мешавад. Агар шахси мансабдор дар иҷрои вазифааш ба Сохтакори роҳ диҳад, ба муддати 2 сол аз озодӣ маҳрум ё ба муддати 1 сол ба корҳои ислоҳкунӣ фиристода ва ё аз вазифазш озод карда мешавад (модаи 188 Кодекси Ҷиноятии Республикаи Совети Сотсиалистии Тоҷикистон). 2) Сохтакории ҳуҷҷат аз тарафи шахсони алоҳида, ки боиси соҳиби ҳуқуқ ва ё аз ӯҳдадорие озод гардидан мешавад. Агар аз чунин Сохтакори худи сохтакор истифода барад ва ё тавассути дигар кас дар муомила истифода шавад, ӯ таъқиб мешавад. Масалан, ҳуҷҷати қалбакӣ пешниҳод кардан бо мақсади саркашӣ аз хизмати ҳарбӣ ҷиноят ҳисоб меёбад (модаи 215 Кодекси Ҷиноятии Республикаи Совети Сотсиалистии Тоҷикистон). Шахсоне, ки ба тайёр кардан ва ё фурухтани ҳуҷҷат, штамп, муҳр, бланкаҳои қалбакии идораю муассиса ва корхонаҳои давлатӣ ё ташкилотҳои ҷамъиятӣ машғул мешаванд, ба муддати ду сол аз озодӣ маҳрум ё ба муддати 1 сол ба корҳои ислоҳкунӣ фиристода мешаванд. Агар чунин кирдор мунтазам содир шавад, гунаҳкор ба муддати 5 сол аз озодӣ маҳрум ва ё ба ҳамин муддат бадарға карда мешавад. Барои дидаву дониста истифода бурдани ҳуҷҷати қалбакӣ шахси гунаҳкор як сол аз озодӣ маҳрум, ё ба ҳамин муддат ба корҳои ислоҳкунӣ фиристода мешавад ва ё ба маблағи 30 сӯм ҷарима андохта мешавад (моддаи 210 Кодекси Ҷиноятии Республикаи Совети Сотсиалистии Тоҷикистон).

Инчунин кобед

САҒОНА

САҒОНА 1) қабре, ки аз хишти пухта 6 санг ба шакли гаҳвора сохта, дар он …