Маълумоти охирин
Главная / Ҷамъият / ШӮРОИ ЁРИИ ИҚТИСОДИИ БАЙНИҲАМДИГАРӢ

ШӮРОИ ЁРИИ ИҚТИСОДИИ БАЙНИҲАМДИГАРӢ

soveti-yorii-iktisodi

СОВЕТИ ЁРИИ  ИҚТИСОДИИ  БАЙНИҲАМДИГАРӢ СЭВ, ташкилоти иқтисодии байниҳукуматии давлатҳои соцтсалистист, ки 5— 8 январи 1949 бо қарори намояндагони Булғория Венгрия, Полша, Руминия, СССР ва Чехословакия таъсис шудааст. Он омили муҳими мустаҳкам шудан ва такомул ёфтани ҳамкории давлатҳо ва инкишофи интегратсияи иқтисодии мамлакатҳои сотсиалистӣ мебошад. Соли 1949 ба ҳайати Совет Албания дохил шуда, соли 1961 аз он баромад. Соли 1950 ба он РДГ, соли 1962 Муғулистон, соли 1972 Куба ва соли 1978 РСВ дохил щуданд. Совет ҳамкории ҳаматарафаи иқтисоди ва илмию техникии мамлакатҳои аъзои онро барои истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ ва инкишофи босуръати қувваҳои истеҳсолкунанда ба роҳ монда, дар заминаи координатсияи планҳои инкишофи хоҷагии халқ, махсусгардонӣ ва кооператсияи истеҳсолот ба такомулу инкишофи тақсимоти байналхалқии сотсиалистии меҳнат мусоидат мекунад ва чораҳои заруриро барои тадқнқи масъалаҳои иқтисодӣ ва илмию техникӣ меаидешад. Органҳои Совет таклифи қарорҳои мамлакатҳои аъзои онро доир ба масъалаҳои иқтисодӣ ва илмию техникӣ, ташкилию амалй фақат бо мувофиқат ва розигии мамлакатҳои манфиатдор қабул мекунад. Онҳо дар мамлакатҳое, ки доир ба масъалаи муайян манфиатдор нестанд ва ё аз иштирок кардан худдорӣ намудаанд, ҷорӣ карда намешаванд.

Совет ташкилоти кушода буда, фаъолияти онро Уставе, ки соли 1959 дар Сессияи 12-ум қабул шудааст, танзим мекунад. Солҳои 1962, 1974 ва 1979 дар Устави Совет тағйирот дохил шудаанд. Мувофиқи он ҳар мамлакате, ки мақсаду принсипҳо ва ӯҳдадориҳои дар Устави Совет баёншударо маъқул мешуморад, аъзои он шуда метавонад.

Совет аз сессияи Совет, комитети иҷроия, комитетҳои Совет, комиссияи доимӣ ва ғайра иборат аст.

Шакл ва методҳои фаъолияти Совет вобаста ба вазифаҳое, ки партияҳои коммунистию коргарии мамлакатҳои аъзои Совет дар давраҳои нави сохтмони сотсиализм ва коммунизм ба миён мегузоранд, мунтазам такмил меёбанд ва пурра мегарданд.

Дар кори органҳои Совет мувофиқи шартномаи махсус Югославия (аз соли 1964), дар кори Совет Афғовистон ва Республикаи Халқию Демократии Яман ва дар маҷлисҳои Сессия Ангола, Республикаи Халқии Демократии Лаос, Мозамбик, Эфиопия ҳамчун мушоҳид иштирок мекунанд. Мувофиқи шартномаи махсус Совет бо Финландия, Ироқ, Мексика ва боз зиёда аз 60 ташкилотҳои байналхалқӣ ҳамкорӣ дорад.

Аз соли 1974 ин ҷониб Низомномаи стандартии Совет ва Конвенсияи истифодаи стандартҳои он амал мекунад. Соли 1971 мамлакатҳои аъзои Совет Банки байналхалқии инвеститсониро (ББИ) таъсис намуданд, ки ои дар ҳалли масъалаҳои Программаи комплексӣ вазифаи кредитиро иҷро мекунад. Солҳои 70 мамлакатҳои аъзои Совет ташкилотҳои байналхалқии иқтисодии «Интерэлектро», «Интерхим», иттиҳодияи хоҷагии «Интератомэнерго», «Интертекстилмаш», «Интерхимволокно», «Интератоминструмент» ва «Интерлихтер»-ро таъсис намуданд. Фаъолияти асосии мамлакагҳои аъзои Совет ба амал татбиқ намудани Программаи комплексии интегратсияи иқтисодиёти сотсиалистӣ мебошад.

Сессияи Совет дар маҷлиси 41-ум (ғайринавбатӣ) Программаи комплексии прогресси илмию техникии мамлакатҳои аъзои Советро то соли 2000 қабул кард. Дар он роҳҳои асосии консентратсияи қувваю воситаҳои мамлакатҳои аъзои Совет дар ҳамаи соҳаҳои саноат, интенсивонии тамоми соҳаҳои иқтисодиёт ва дараҷаи баланди тараққиёти технологӣ нешбивӣ шудаанд. Автоматонии миқёсаи калони соҳаҳои хоҷагии халқ, ҳамаҷониба истифода намудани агрегату моделҳои мамлакатҳои аъзои Совет, татбиқи истеҳсолоти автоматонидаи мутобиқшаванда, азнавсозии сифатан вави хоҷагиҳои энергетикии мамлакатҳои аъзои Совет, офаридани технологияи пешқадами саноатии истеҳсолот, афзудани захираи озуқа ва беҳтар таъмии намудани хоҷагии халқ бо захираҳои ашёи хом ва ғайра қисмн таркибии Программа мебошанд.

Инчунин кобед

САҒОНА

САҒОНА 1) қабре, ки аз хишти пухта 6 санг ба шакли гаҳвора сохта, дар он …