Маълумоти охирин
Главная / Ҷамъият / ШӮРОИ ВАЗИРОНИ СССР

ШӮРОИ ВАЗИРОНИ СССР

СОВЕТИ ВАЗИРОНИ СССР, органи олии иҷроия ва амрдиҳандаи ҳокимияти давлатӣ, Ҳукумати СССР. Аз тарафи Совети Олжи СССР дар маҷлиси якҷояи Соеети Иттифогр ва Совети Миллатҳо дар сессияи 1-уми даъвати навбатӣ дар ҳайати Раиси Совети Вазирони СССР, ҷонишинони якум ва ҷонишинони Раис, вазирони СССР,. раисони комитетҳои давлатии СССР, роҳбарони баъзе дигар органҳои марказии идоракунии давлатӣ ташкил карда мешавад. Раисони Совети Вазирони республикаҳои иттифоқӣ аз рӯи вазифаашон ба ҳайати Совети Вазирони СССР дохил мешаванд.

Совети Вазирони СССР органи идоракунандаи давлатӣ буда, соҳиби ҳуқуқҳои умумиест, ки ҳамаи масъалаҳои муҳимтарини ҳаёти ҷамъиятӣ ва давлатии советиро дар бар мегирад.

Совети Вазирони СССР дар доираи ваколати худ ба хоҷагии халқ ва сохтмони иҷтимоию маданӣ роҳбарӣ мекунад; барои баланд бардоштани дараҷаи некуаҳволии моддӣ ва мадавии халқ, инкишофи илм ва техника, истифодаи оқилона ва муҳофизати захираҳои табиӣ, мустаҳкам кардани системаи пул ва кредит, гузаронидани сиёсати ягонаи нарх, музди меҳнат, таъминоти иҷтимоӣ, ташкили суғуртаи давлатию системаи ягонаи баҳисобгирӣ ва статистика тадбирҳо меандешад ва ба амал мебарорад; идора кардани корхонаю иттиҳодияҳои саноат, сохтмон, хоҷагии қишлоқ, корхонаҳои нақлиёту алоқа, банкҳо, дигар ташкилотҳо ва муассисаҳои тобеи иттифоқиро ташкил мекунад; барои ҳимояи манфиатҳои давлат, муҳофизати моликияти сотсиалистӣ ва нигоҳ доштани тартиботи ҷамъиятӣ, барои таъмину муҳофизати ҳуқуқу озодиҳои гражданҳо тадбирҳо меандешад; барои таъмини бехатарии давлат чораҳо мебинад; ба ташкили умумии Қувваҳои Мусаллаҳи СССР роҳбарӣ мекунад, континенти ҳарсолаи гражданҳоеро, ки бояд ба хизмати ҳақиқии харбӣ даъват карда шаванд, муайян менамояд; дар соҳаи муносибатҳо бо давлатҳои хориҷӣ, савдои берунӣ, ҳамкории иқтисодӣ, илмию техникӣ ва мадании СССР бо мамлакатҳои хориҷӣ роҳбарии умумӣ мекунад; барои таъмини иҷрои шартномаҳои байналхалқии СССР чораҳо мебинад; шартномаҳои байналхалқии байниҳукуматиро тасдиқ ва бекор мекунад; дар мавридҳои зарурӣ дар назди Совети Вазирони СССР оид ба корҳои сохтмони хоҷагӣ, иҷтимоию маданӣ ва мудофиа комитетҳо, саруправленияҳо ва дигар идораҳо ташкил менамояд. Совети Вазирони СССР дар асоси қонунҳои СССР ва қарордодҳои дигар Совети Олии СССР ва Президиуми он бо мақсади иҷрои онҳо амру қарорҳо мебарорад ва иҷрои онҳоро тафтиш мекунад. Иҷрои амру қарорҳои Совети Вазирони СССР дар тамоми территорияи СССР ҳатмӣ мебошад. Совети Вазирони СССР барои ҳалли масъалаҳое, ки дар ихтиёри Иттифоқи Республикаҳои Советии Сотсиалистӣ мебошанд, ҳуқуқ дорад амру қарорҳои Советҳои Вазирони республикаҳои иттифоқиро аз амал боздорад, инчунин актҳои вазоратҳои СССР, комитетҳои давлатии СССР ва дигар органҳои тобеи худро бекор кунад. Совети Вазирони СССР, вазоратҳои умумииттифоқӣ ва иттифоқию республикавӣ ва комитетҳои давлатии СССР, дигар органҳои тобеи худро муттаҳид менамояд ва ба кори онҳо роҳбарӣ мекунад (мод. 128—129, 131 —136 Конституцияи СССР).

Раисони Совети Комиссарони Халқии СССР: В. И. Ульянов (Ленин) (аз 26 10/8. 11/1917—раиси СКХ РСФСР, аз 6. 7. 1923 то 21. 1. 1924- раиси СКХ ОССР), А. И. Рыков (2. 2. 1924—19. 12. 1930), В. М. Молотов (19. 12. 1930-6. 5. 1941), И. В. Ста- лин (6. 5. 1941—15. 3. 1946).

  Раисони Совети Вазирони СССР: И. В. Сталин (19. 3. 1946-5. 3. 1953), Г. М. Маленков (6. 3. 1953—8. 2. 1955), Н. А. Булганин (8. 2. 1955— 27. 3. 1058), Н. С. Хрущбв (27. 3. 1958 —15. 10. 1964), А. Н. Косыгин (аз 15. 10. 1964—1980), Н. А. Тихонов (аз 1980—1985), Ряжков Н. И. (аз 1985).

Инчунин кобед

САҒОНА

САҒОНА 1) қабре, ки аз хишти пухта 6 санг ба шакли гаҳвора сохта, дар он …