Маълумоти охирин
Главная / Ҷамъият / ШӮРОИ ИТТИФОҚҲОИ КАСАБАИ ТОҶИКИСТОН

ШӮРОИ ИТТИФОҚҲОИ КАСАБАИ ТОҶИКИСТОН

СОВЕТИ  ИТТИФОҚҲОИ  КАСАБАИ ТОҶИКИСТОН, органи роҳбарикунандаи иттифоқҳои касабаи республика, ки апрели 1926 дар Съезди 1-уми Иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон ташкил ёфт. Совет дар съезди Иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон ба муддати 5 сол интихоб карда мешавад. Барои роҳбарии ҳаррӯзаи кори ташкилотҳои иттифоқҳои касаба дар пленуми Совети иттифоқҳои касаба Президиум интихоб карда мешавад, ки он ба воситаи шӯъбаҳои дахлдор ба фаъолияти органҳои иттифоқҳои касаба дар маҳалҳо роҳбарӣ менамояд. Совет барои кори ҷории ташкилию иҷроия Котибот интихоб мокунад. Совет 4 совети вилоятӣ (Ленинобод, Қӯрғонтеппа, Кӯлоб, Бадахшони Кӯҳӣ), 19 комитети муттаҳидаи республпкавӣ, 27 вилоятӣ, 201 шаҳрҳо районӣ, 60 гурӯҳ, комитетҳои муттаҳидаи иттифоқҳои касаба, 33 комитети касабавии иттиҳодпяҳои истеҳсолӣ, 7813 ташкилоти ибтидоии иттифоқҳои касабаро муттахид мекунад. Ҳамаи таҳсилотҳои ибтидоии иттифоқҳои касаба асосан дар ихтиёри комитетҳои дахлдори соҳавии республикавӣй кор мебаранд. Советҳои республикавии управленияи курортҳои иттифоқҳои касаба, туризм, экскурсияҳо, ҷамъияти умумииттифоқии ихтироъкорон ва навоварон, ҷамъияти илмию техникӣ ва Совети корӣ нпз дар ихтиёри Совети Тоҷикистон аст.

  Совет мувофиқи Устави Иттифоқҳои касабаи СССР ба фаъолияти ташкилоти иттифоқҳои касаба дар территорияи республика роҳбарӣ мекунад, кори совет ва комитетҳои иттифоқҳои касабаро тафтиш менамояд ва ҳисоботи онҳоро мешунавад. Дар тартиб додани планҳои. тараққии сотсиалию иқтисодии республика иштирок менамояд, бо ҳамроҳии органҳои советӣ ва хоҷагӣ мусобиқаи сотсиалистиро ташкил мёкунад ва ба ои роҳбарӣ менамояд, дар тайёр намудани лоиҳаи қарорҳои Совети Вазирон оид ба масъалаҳои музди меҳнат, суғуртаи социалӣ, муҳофиаати меҳнат, хизматрасонии маданию маишии меҳнаткашон иштирок менамояд.

Н. Сафронов, Р. Шарифов

Инчунин кобед

САҒОНА

САҒОНА 1) қабре, ки аз хишти пухта 6 санг ба шакли гаҳвора сохта, дар он …