Маълумоти охирин
Главная / Ҷамъият / ШӮРОИ ДЕПУТАТҲОИ МАРДИКОРОН

ШӮРОИ ДЕПУТАТҲОИ МАРДИКОРОН

soveti-mardikoron

СОВЕТИ ДЕПУТАТҲОИ  МАРДИКОРОН, ташкилоти интихобии мардикорон, ки апрел— маи 1917 дар шаҳру волостҳои Туркистон ба вуҷуд омад. Соли 1916 ҳукумати подшоҳӣ барои корҳои ақибгоҳ аз мардуми Осиёи Миёна ва Қазоқистон мардикор гирифт. Онҳо дар фабрикаю заводҳои Россия кор карда бо ёрӣ ва роҳнамоии пролетариати рус аз мактаби муборизаи синфӣ дарс гирифта, дар Револютсияи- феврали 1917 фаъолона иштирок карданд. Баъди Рев. феврали 1917 онҳо ба ватани худ баргаштанд. 25 маи 1917 большевикони пшм. Тоҷикистон бо мардикорон вохӯрии аҳолии шаҳр ва қишлоқҳои атрофи Хуҷандро ташкил намуданд. Дар ин ҷамъомад, ки дар майдони бозори Чоршанбеи шаҳр барпо гардид, мардум қарор доданд, ки Совети депутатҳои мардикоронро ташкил кунанд. Ба президиуми Совети депутатҳои мардикорон болшевикон Ҷӯра Зокиров, Абдулқодир Рауимбоев, Ҳайдар Усмонов, Раҳимбердӣ Эгамбердиев, Ҷӯра Шокаримов ва дигар  хайрхоҳони болшевикон дохил гардиданд. Аз рӯзи аввали ташкилёбии Совети депутатҳои мардикорон меҳнаткашон дар атрофи он зич муттаҳид мешуданд ва ба он ҳаматарафа ёрӣ мерасонданд. Охири маи 1917 дар Уротеппа бо ташаббуси мардикорон Совети депутатҳои коргарону солдатҳо ташкил ёфт, ки ба он 14 депутат интихоб шуд, Совети Ӯротеппа бо Советҳои дигар шаҳрҳои Туркистон алоқа барқарор кард. Ин гуна Советҳо дар дигар шаҳрҳо низ ба вуҷуд омаданд (Совети коргароии мусулмон 2 июль дар Тошкент, 14 июль дар Андиҷон). Совети депутатҳои мардикорон дар давраи тайёр кардан ва гузаронидани револютсияи сотсиалистӣ фидокорона мубориза бурд ва баъди ғалабаи Револютсияи Октябр бо Советҳои депутатҳои коргарон, солдатҳо ва деҳқонон якҷоя шуд

 

Т. Каримов.

Инчунин кобед

САҒОНА

САҒОНА 1) қабре, ки аз хишти пухта 6 санг ба шакли гаҳвора сохта, дар он …