Маълумоти охирин
Главная / Ҷамъият / ШӮРОИ ВАЗИРОНИ РСС ТОҶИКИСТОН

ШӮРОИ ВАЗИРОНИ РСС ТОҶИКИСТОН

СОВЕТИ ВАЗИРОНИ РСС  ТОҶИКИСТОН, орпгани олии иҷроия ва амрдиҳандаи ҳокимияти давлатии РСС Тоҷикистон Советро Совети Олии РСС Тоҷикистон дар ҳайати Раиси Совет, ҷонишини якум ва ҷонишинони Раис, вазирони РСС Тоҷикистон, раисони комитетҳои даелатии РСС ташкил медиҳад. Бо пешниҳоди Раиси Совет Совети Олии РСС Тоҷикистон роҳбарони органу ташкилотҳои дигари РСС Тоҷикистонро ба ҳайати Ҳукумати РСС Тоҷикистон дохил карда метавонад. Совет дар назди Совети Олии РСС Тоҷикистон, дар давраи байни сессияҳои он дар пазди Президиуми Совети Олии РСС Тоҷикистон масъул ва ҳисоботдиҳанда мебошад.

Совет дар доираи ваколати худ ба хоҷагии халқ ва сохтмони сотсиалию маданӣ роҳбарӣ мекунад; барои баланд шудани дараҷаи некӯаҳволӣ ва маданияти халқ, инкишофи илму техника, муҳофизати захираҳои табиат ва истифодаи оқилонаи онҳо тадбирҳо муайян менамояд ва ба амал мебарорад; барои амалӣ гардонидани тадбирҳои мустаҳкам кардани системаи пулу кредит, ташкили суғуртаи давлатӣ ва системаи ягонаи баҳисобгирӣ ва статистика мусоидат мекунад; дар кори ба амал гузаронидани сиёсати ягонаи нархӣ, музди меҳнат, таъминоти иҷтимоӣ иштирок мекунад; идора кардани корхона ва иттиҳодияҳои саноат, сохтмон, хоҷагии қишлоқ, корхонаҳои нақлиёту алоқа, инчунин дигар ташкилоту муассисаҳои тобеи республикаро ташкил мекунад; планҳои давлатии ҷорӣ ва перспективии тараққиёти иқтисодию сотсиалии РСС Тоҷикистон, бюҷети давлатии РСС Тоҷикистонро тартиб медиҳад ва ба Совети Олия РСС Тоҷ. пешниҳод мекунад; барои ба амал баровардани планҳо ва бюҷети давлатӣ, барои тараққиёти комплексии вилоятҳо, районҳо ва шаҳрҳои тобеи республика чораҳо мебинад; фаъолияти корхона, муассиса ва ташкилотҳои тобеи иттифоқиро доир ба масъалаҳое, ки ба ихтиёри РСС Тоҷикистон дода шудаанд, ба ҳам мутобиқ менамояд ва ба кори онҳо назорат мекунад; аз иҷрои планҳо ва иҷрои бюҷет ба Совети Олии РСС Тоҷикистон ҳисобот медиҳад; барои ҳимояи манфиатҳои давлат, муҳофизати моликияти сотсиалистӣ ва тартиботи ҷамъиятӣ, барои таъмину муҳофизати ҳуқуқу озодиҳои гражданинҳо тадбирҳо меандешад; дар доирае, ки Конститутсияи СССР муқаррар кардааст, барои таъмини бехатарии давлат ва қобилияти мудофиавии мамлакат чораҳо мебинад; дар асосии тартибе, ки Иттифоқи Республикаҳои Советии Сотсиалистӣ дар муносибатҳои байни республикаҳои иттифоқӣ ва давлатҳои хориҷӣ муқаррар кардааст, дар соҳаи муносиоатҳои РСС Тоҷикистон бо давлатҳои хориҷӣ ва ташкилотҳои байналхалқӣ роҳбарӣ мекунад; дар мавриди зарурат дар назди Совет оид ба корҳои сохтмони хоҷагӣ иҷтимоию маданӣ комитетҳо, саруправленияҳо ва дигар идораҳо ташкил мекунад.

Совет дар асоси актҳои қонунгуаории СССР ва РСС Тоҷикистон, амру қарорҳои Совети Ваэирони СССР ва бо мақсади иҷрои онҳо амру қарорҳо мебарорад, иҷрои овҳоро ташкилу тафтиш мекунад. Иҷрои амру қарорҳои Совет дар тамоми территорияи РСС Тоҷикистон ҳатмист. Совет дар доираи ҳуқуқҳои (компетенсияи) худ амру қарорҳои комитетҳои иҷроияи Советҳои вилоятии депутатҳои халқӣ, комитетҳои иҷроияи Совети депутатҳои халқии ВАБК ва комитетҳои иҷроияи Советҳои районӣ ва шаҳрии депутатҳои халқии районҳо ва шаҳрҳои тобеи республика ва актҳои вазорату комететҳои давлатии РСС Тоҷикистон ва дигар органҳои тобеи худро бекор карда метавонад. Компетенсияп Совет ва Президиуми он, тартибу фаъолияту муносибати онҳо, муносибатҳои Совет бо дигар органҳои давлатӣ, инчунин номгӯи вазоратҳои иттифоқию республикавӣ ва республикавӣ ва ғайра, комитетҳон давлатии РСС Тоҷикистон дар асоси Конститутсия бо Қонун дар бораи Совет муайян карда мешавад. Аз ноябри 1924 вазифаи ҳукумати Греспубяякаро Комитетя революцио- нии РАСС Тоҷикистон иҷро мекард. Раисони Советя Комиссарони Хал- қил РСС Тоҷ.: Муҳиддинов Абдуқодир (аз декабри 1926 то сенттбри 1928), Ҳоҷибоев Абдураҳим (аз сентябри 1928 то декабри 1933), Раҳимбоев Абдулло (аз декабри 1933 то август 1937), Қурбонов Маҳмадалӣ (ав июли 1938 то август 1946). Раисони Совети Вазирони РСС Тоҷикистон: Расулов Ҷаббор (аз август 1946 то марти 1955), Улҷабоев Турсунбой (аа мартя 1955 то маи 1956), Додхудоев Назаршо (аз маи 1956 то июли 1961), Қаҳҳоров Абдулаҳад (аз апрели 1961 то шоли 1973), Набиев Раҳмон (аз июли 1973 то апрели 1982), Маҳкамов Қаҳҳор (аз апрели 1982 то декабри 1965), Ҳаёев Изаатулло (аз январи 1986).

Инчунин кобед

САҒОНА

САҒОНА 1) қабре, ки аз хишти пухта 6 санг ба шакли гаҳвора сохта, дар он …