Маълумоти охирин
Главная / Ҷамъият / СОРОРАТ

СОРОРАТ

СОРОРАТ (аз лотинӣ soror — хоҳар), урфу одате, ки мувофиқи он мард метавонист якчанд зан (хоҳари ҳамтан ё тағодухтар, амакдухтар, холадухтар ва дигарон)-ро ба никоҳи худ дарорад. Ин одат бори аввал аз тарафи этнограф ва археологи америкоӣ Л. Г. Морган қаламдод шудааст; истилоҳи Сороратро этнограф ва археологи англис Ҷ. Фрейзер, ки дар бораи чунин одати бисёр халқҳои Америка, Осиё, Океания ва Африка маълумот ҷам овардааст, ба илм дохил кард. Олимон Сороратро боқимондаи никоҳи гурӯҳӣ мешуморанд. Яке аз намудҳои Сорорат— ба хоҳари завҷаи фавтидаи худ хонадор шудани мард муддати дароз дар ҷамъиятҳои синфӣ боқӣ монд.

tuy

Инчунин кобед

САҒОНА

САҒОНА 1) қабре, ки аз хишти пухта 6 санг ба шакли гаҳвора сохта, дар он …