Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / СОРБОН – Ҳамроев Облоқул

СОРБОН – Ҳамроев Облоқул

СОРБОН (тахаллус; фамилия ва номаш Ҳамроев Облоқул; таваллуд 27. 1. 1940, деҳаи Амондараи ноҳияи Панҷакент), нависандаи советии тоҷик.

Аз оилаи колхозчӣ. Универитети Давлатии Тоҷикистонро хатм кардааст (1963).

Лаборанти кафедраи забони тоҷики Универитети Давлатии Тоҷикистон (1963), муҳаррири шӯъбаи адабии драмавии Комитети давлатии Совети Вазирони Ресспубликаи Совети Сотсиалистии Тоҷикистон оид ба телевизион ва радиошуиавонӣ (1963—64), муҳаррири калони нашриёти «Ирфон» (1964—80) буд. Солҳои 1981—82 мудири шӯъбаи рузномаи «Маданияти Тоҷикистон» (ҳозира «Адабиёт ва санъат»), аз соли 1985 муҳаррири нашриёти «Маориф». Маҷмуаи аввалини ҳикояҳояш «Гап дар дил» (1969). Дар повестҳои Сорбон «Занги аввал» (1970), «Санги сипар» (1973), «Ҷӯгӣ», «Буд набуд» (1975), «Шинел», «Сабо» (1980) ва ғайра зиндагию муборизаи халқи тоҷик дар арафаи Революцияи Кабири Социалистии Октябрь, замони Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941—45) ва солҳои пас аз ҷанг инъикос ёфтааид. Романи нахустини Сорбон «Актёр» (1984) аз ҳаёти зиёиён, ҳунарпешаҳои театр, меҳнату талоши онҳо дар саҳна ва муаммоҳои зиндагӣ баҳс мекунад. Повестҳои Сорбон «Занги аввал», «Санги сипар», «Ҷӯгӣ», «Буд набуд» бо номи «Первый звонок» (Москва, 1978) ба азбони руси ва ҳикояҳояш ба забонҳои халқҳои СССР ва забонҳоя хориҷӣ тарҷума шудаанд. Романи Н. Думбадзе «Ман офтобро мебинам» (1976) ва повести Ч. Айтматов «Киштии сафед»-ро (1979) ба тоҷикӣ гардонидааст. Узви Иттифоқи Нависандагони СССР аз соли 1971.

Осор. Шинель, Душанбе, 1981; Кабӯтари сафед, Ҳикояҳо, Душанбе, 1981.

А. Набиев.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …