Маълумоти охирин

СОР

myophonus_caeruleus

СОР, 1) соранҷ, сорӣ, шорак (Myophonus caeruleus), як навъ паррандаеро гӯянд, ки ба оилаи дуҷиҳои қатори гунҷишкҳо (Раsseriphormes) мансуб аст. Дароpиаш қариб 33 см. Рангаш сиёҳ буда, нӯги парҳояш ҷилои металлӣ дорaд Нӯлаш (2—2,5 см) зард, чашм ва пойҳошп сиёҳ. Сори болиғ дар қаноташ якчанд пари сафед дорад, ки доғро мемонад. Танаш саросар бо холҳои нуқрафом пӯшида шудааст. Сор дар кӯҳҳои Осиёи Ҷанубӣ вомехӯрад; дар СССР (Тиёншон ва Помиру Олой) дар баландии аз 1000 то 3500 м аз сатҳи баҳр зиндагӣ мекунад. Сор дар Тоҷикистон дар қаторкӯҳҳои Қурама, Туркистон, Зарафшон, Ҳисор, Қаротегин, Дарвоз, Ванҷ, Шуғнон, Вахон ва Пётри I паҳн шудааст. Лоназшро дар лаби об (10—12 сол истифода мебарад) месозад, ки ба он доимо нури офтоб ва чакраҳои об расида меистанд. Асосан ҷонварони бемӯҳра (нармбаданҳо, ҳашарот, ва ғайра) ва зимистон меваи хушки растаниҳоро мехӯрад. 4—6 тухм гузошта онро ҳар ду ҷинс сер мекунанд. Сор паррандаи хушхон мебошад, овозашро аз охири апрел то июн шунидан мумкин аст. 2) Нигаред Шутур.

И. Абдусаломов.

Инчунин кобед

saba

САЪБА

САЪБА, номи ду намуди паррандаест аз қатори гунҷишкҳо. Дарозии танаш 12 сантиметр, қисми пеши сараш …