Маълумоти охирин

СОФОКЛ

sophocles_pushkin

СОФОКЛ (sophokles) (тақрибан 496— 406 то м.), драматурги Юнови Қадим. Дар ноҳияи Афина — Колоне таваллуд ёфтааст. Муъофиқи маълумоти маъхазҳои атиқӣ бештар аз 120 драма навиштааст. Аз асарҳои Софокл то замони мо фоҷиаҳои «Аякс» (то 442 то м.), «Антигона» (тақрибан 441 то мелод.), «Шоҳ Эдип» (тақрибан 425 то мелод.; тарҷумаи тоҷикӣ 1977), «Филоктет» (409 то м), «Занҳои Трахиния» ва «Электра» (соли таълиф номаълум) пурра омада расидаанд. Аз дигар драмаҳояш танҳо порчаҳо боқӣ мондаанд. Дар драмаҳои Софокл ихтилофоту зиддиятҳои давраи нашъунамои демократияи Афина инъикос ёфтааст. Қаҳрамони «Аякс» носозгории рафтори худро нисбат ба кодекси ахлоқии доҳӣ дарк карда барои аз нангу инфиол халос шудан маргро ихтиёр кардааст. Дар «Шоҳ Эдип» қаҳрамон дар хусуси асрори таваллуд ва гузаштаи худ ғарқи андеша гардида, писбат ба ҷинояти кардааш масъулият ҳис кардааст. Қаҳрамони фоҷиаи «Антигона» зани қавиирода ва дар роҳи нияту хоҳиши худ устувор буда, барои ҳимояи ҳуқуқ бар зидди қонунҳои «нонавишта» ва зулми шахсони масъули давлатӣ мубориза мекунад.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …