Маълумоти охирин
Главная / Илм / СОФИЗМ

СОФИЗМ

sophizma

СОФИЗМ (аз юнонӣ sophizma — бофта, ғаюрӣ), саҳви ғаразноки мантиқист, ки ҳангоми исботи ягон нуқтаи дурӯғ истифода мешавад. Бо Софизм муқаддимаҳои дурӯғро қасдан ҳақ ҳисоб карда ва ё талаботи қонунҳои мантиқро риоя накарда, аз онҳо хулоса мебароранд. Масалан, «Чизе, ки ту гум накардаӣ, дорӣ; ту шоҳ гум накардаӣ, пас, ту шоҳ дорӣ».

Мақсади истифодаи Софизм: тавассути хулосабарориҳои нодуруст, вале аз ҷиҳати мантиқӣ зоҳиран дуруст, ҳақ баровардани фикри дурӯғ. Аз ин рӯ Софизмро натиҷаи фироби барқасдона донистан дуруст аст. Барои он ки дар хулосабарорӣ аз Софизмҳо пай набаранд, онҳоро дидаю дониста бо низоми махсус месозанд. Бинобар ин, муайян намудани дурустӣ ё нодурустии ин гуна хулосабарориҳо баъзан амри муҳол аст. В. И. Ленин Софизмро дар мисоли суханони Плеханов дар боби милликунонии замин таҳлил намуда, онро далелҳои бардурӯғ ва калимабозӣ номидааст. Бо мафҳуми Софизм мафҳумҳои «софист» ва «софистика» (суфастоӣ) робитаи мазмунӣ доранд.       Н. Сайфуллоев.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …