Маълумоти охирин

СОНЕТ

СОНЕТ (итолиёӣ sonetto, аз провансалӣ sonet — суруд), шеъри чордаҳмисраи, ки ба шакли абаб — абаб, ввг — дде (вариантҳои дигар низ вомехӯранд) қофиябанди мешавад. Сонет дар Италия (асри 13) ба вуҷуд омадааст. Онро Данте ва махсусан Ф. Петрарка ба авҷи инкишоф расонданд. Сонетро дар Франция П. Ронсар (асри 16) ва дар Англия У. Шекспир (асри 17; Сонетҳои ӯ ба тоҷикӣ тарҷума шудаанд), такмил доданд. Дар давраи классицизм Сонет маъмул набуд. Романтикҳо Сонетро боз барқарор карданд. Дар Полша намунаҳои беҳтарини Сонетро Л. Мицкевич ба вуҷуд овард. Аэ шоирони рус В. А. Жуковский, А. С. Пушкин ва дигарон Сонет навиштаанд. Дар асри 20 ҷои Сонетро дигар шаклҳои шеърӣ гирифтанд. Бо вуҷуди ин бисьёр шоирони номдор Сонетнавнсиро идома доданд. Сонет яке аз жанрҳои маҳбуби символистҳо буд. Солҳои 30 намунаҳои беҳтарини Сонетро И. Бехер офарид. Сонети анъанавӣ шакли қавӣ, мавзуи ягона (ишқ) ва композицияи мустаҳкам доранд. Аммо шоирони бузург (масалан, А. С. Пушкин) ба шакли анъанавии Сонет тағйирот даровардаанд. Дар эҷодиёти шоирони советӣ низ Сонет ба назар мерасад (Н. Сельвинский, С. Кирсанов, Д. Павличкова дигарон).

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …