Маълумоти охирин

«СОМНОМА»

shohnoma

«СОМНОМА» достони манзумест, ки дар он аз корнамоиҳои Соми Наримон сухан меравад. Дар охири асри 13— аввали асри 14 таълиф ёфтааст. Азбаски дар хотимаи баъзе нусхаҳои хаттии он исми Хоҷу омадааст, ба Хоҷуи Кирмонӣ нисбат дода мешавад ва аз ҷиҳати сабку тарзи баён ба маснавиҳои ӯ наздикӣ дорад.
«Сомнома» аз таваллуди Соми Наримон (модараш духтари шоҳи Балх) оғоз меёбад. Дар синни камолот Сом шабе дар хоб тасвири духтари Фағфури Чин — Паридухтро дида, ғоибона ба ӯ ошиқ мешавад. Шарҳи сафари Сом ба Чин, ҷангҳои ӯ бо Фағфур, расидан ба висоли Паридухт, подшоҳ шуданаш дар Ховарзамин, ишқбозиҳояш бо Оламафрӯзи парӣ ва рашк бурдани Паридухт ва ғайра қисми аввали «Сомнома» мебошанд. Пас аз ин воқеот Манучеҳр Сомро ба Эронзамин даъват намуда, ӯро ба Мағриб мефиристад. Аз ин лаҳза қисми дуюми «Сомнома» оғоз меёбад. Сом дар ин қисми достон ҳамчун қаҳрамони афсонаҳои арабӣ дар баробари Шадид, Шаддод, Шамса, Саъдон, Саҳил ва дигарон амал мекунад. Аксар лаҳзаҳои «Сомнома» тасвири ҷангҳои Сом бо ҷодувону париён, девҳо, аждарҳо, мурғи оташфишон, Симурғ ва ғайра мебошанд. Зоҳиран дар оғоз «Сомнома» қиссаи мансур буда, баъдтар, ба риштаи назм кашида шудааст. Гарчанде қаҳрамони марказии он яке аз персонажҳои «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ, паҳлавони силсилаи достонҳои Систон аст, ба асли ривояти «Шоҳнома» ва манбаъҳои авестоӣ, адабиёти паҳлавӣ танҳо баъзе номҳо, масалан, Манучеҳр ва эпизодҳои хурде мувофиқат мекунанд. Дар «Сомнома» на анъанаҳои «Шоҳнома», балки анъанаҳои достонсароии Низомӣ риоя гардидааст (эпизоди мунозираи қаҳрамонони «Сомнома» ба «Хусраву Ширин», ба биёбон рӯй овардани Сом ба «Лайлӣ ва Мачнун», саргузаштҳои аҷоибу ғароиби Сом дар Мағриб ба баъзе лаҳзаҳои «Искандарнома» наздиканд). Нусхаҳои дастнависи «Сомнома» дар ҳудуди 11—15 ҳазор байт дар китобхонаҳои Эрон, шаҳрҳои Лондону Париж мавҷуданд. Матни интиқодии «Сомнома»-ро Ардашери Банишоҳӣ солҳои 1941—42 дар Бамбай (2 ҷилд, 14500 байт) ба табъ расонидааст.
Адабиёт:
М. Диловаров.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …