Маълумоти охирин

«СОМНОМА»

«СОМНОМА» достони хамосии бузург (20. ҳазор байт) мансуб ба Сайфии Ҳиравӣ (соли таълиф —1307). Аз ин достон ягон нусха то замони мо нарасидааст, вале аз маълумоти тазкиранависон ва асари дигари Сайфии Ҳиравӣ — «Таърихномаи Ҳирот» (дар ин асар намунаҳои «Сомнома» дарҷ гардидаанд) бармеояд, ки «Сомнома» баёни воқооти таърихии аввали асри 14— муҳосира ва забти шаҳри Ҳиротро аз тарафи саркардаи муғулон — Улҷойту дар бар мегирифтааст. Қаҳрамони марказии достон сарлашкари ҳукмрони Ҳирот — Фахруддини курт (вафот 1307) Ҷамолуддин Муҳаммади Сом мебошад, ки дар дифои шаҳри Ҳирот корнамоиҳои зиёде нишон додааст. Васфи далериҳои Сом, воқеоти ҷанги ӯ бо Улҷойту, шарҳи рӯйдодҳои давр ва ғайра мазмуну мундариҷаи «Сомнома»-ро ташкил мекунанд. «Сомнома»- ро Сайфии Ҳиравӣ ба дасти худ китобат карда, бо тасвирҳои зебо оро дода буд. Пас аз фатҳи Ҳирот Сайфии Ҳиравӣ ба дасти Улҷойту асир афтод ва эҳтимол асари ӯ дар ин гирудор аз байн рафта бошад.

М. Диловаров.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …