Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / СОМӢ Шамсуддин ибни Холидбек ибни Дурмиш

СОМӢ Шамсуддин ибни Холидбек ибни Дурмиш

СОМӢ Шамсуддин ибни Холидбек ибни Дурмиш (1850, Фарошир—1904, Урангуи наздикии Истанбул), луғатнавис, энциклопедист ва нависандаи турк. Дар 11-солагӣ ба гимназия (мадраса) дохил шуда, пас аз хатми он (1871) дар Истанбул зиндагӣ ва эҷод кардааст. Ношири газетаҳои «Сабоҳ» ва «Оила». Солҳои 1880—90 дар хидмати дарбор буд. Муаллифи «Қомуси туркӣ» (ҷилдҳои 1—2, 1900)— луғати азбони туркӣ ва «Қомус-ул-аълом», мураттиби луғати 2-ҷилдаи туркӣ-франсавӣ ва франсавӣ-туркӣ («Қомуси франсавӣ», 1880) мебошад. Сомӣ муаллифи романи «Таашшуқи Талъату Фитнат» (1872) ва нахустин песаи туркӣ («Беса ё худ Вафо ба аҳд», 1875; дар мавзӯи зиндагии чӯпонон) мебошад.

В. Капранов.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …