Маълумоти охирин
Главная / Илм / СОМЕА

СОМЕА

somea1

СОМЕА (арабӣ Шунавоӣ, қувваи шунавоӣ), яке аз ҳавоси хамса (қувваҳои ҳисси панҷгона)-ро гуянд, ки тавассути он одам ва ҳайвон садоро дарк мекунад. Вобаста ба дараҷаи инкишоф, ҷои зиндагӣ ва ғайра Сомеаи ҳайвонот гуногун мешавад. Сомеа бори аввал дар ҳашарот ба вуҷуд омадааст. Ҳамаи ҷонварони муҳрадор низ Сомеа доранд; дар ширхурҳо нисоатан тараққи кардааст.

somea2

Одам ва ҷонварони дараҷаи оли садоро бо гуши беруниашон қабул карда, тавассути пардаи гӯш ва устухончаҳои сомеа (гӯши миёна) ба ҳалзуни лабиринт (гӯши дарунӣ) медиҳанд. Дар он ҷо лаппиши пардаи асоси нуги асабҳои ҳассоси узви Корти (аз номи гистологи итолиёви А. Корти)-ро меангезад ва ангезиш ба мағзи сар дода мешавад. Одам мавҷҳои басомадашон аз 10—20 Гц то 20 кГц ва ромуз аз 100 Гц то 200 кГц-ро қабул карда метавонад. Аз таъсири дуру дарози садои баланд ҳассосияти Сомеа паст мешавад. Кӯршабпарак, ромуз ва баъзе паррандагон шакли махсуси Сомеа— эхолокасия доранд.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …