Маълумоти охирин
Главная / Ҷуғрофия / Ҷумҳурии СОМАЛӢ

Ҷумҳурии СОМАЛӢ

somali

СОМАЛӢ (Soomaaliya), Республикаи Демократии Сомалӣ (РДС), давлатест дар шимолу шарқи Африка, дар нимҷазираи Сомалӣ. Масоҳаташ 637,6 ҳаз. км2. Аҳолиаш 5085 ҳазор нафар (1982), асосан сомалигиҳо. Аҳолии шаҳрӣ 15% (1975). Забонҳои расмӣ — сомалигӣ ва арабӣ. Дини ҳукмрон — ислом. Пойтахт ва банда ри асосиаш шаҳри Могадишо. Сардори давлат—президент. Органи қонунбарор — Маҷлиси миллӣ.

Релефаш асосан пуштакӯҳ (баландиаш то 2406 м), ки онро аз ҷанубу шарқ ва шимол пастиҳои наздисоҳилӣ иҳота кардаанд. Иқлимаш акпатории муссонӣ, дар шимол — тропикии биёбонӣ ва нимбиёбонӣ. Ҳарорати миёнаи моҳона аз 25 то 320С. Боришоти солона дар шимол ва шарқ 100 мм, дар ҷануб ва ғарб то 600 мм. Дарёҳои асосиаш Ҷуба ва Веби-Шабали. Қисми зиёдя ҳудуди Сомалӣ биёбон аст.

То асрҳои 1 мелодӣ дар ҳудуди Сомалӣ шаҳрҳое мавҷуд буданд, ки бо абарҳо, ҳиндуҳо, юнониҳо алоқаи тиҷорати доштанд. Аз асри 7 ба Сомалӣ зӯран кучонидани арабҳои мусулмон авҷ гирифт. Асрҳои 12—16 дар ҳудуди Сомалӣ давлатҳои султонии мусулмон вуҷуд доштанд.

Охири асри 19 ҳудуди нимҷазираи Сомалӣ ба се қисм – Сомалии Британияи Кабир, Сомалии Италия ва Сомалии Франция ҷудо шуд (доир ба Сомалии Франция нигаред Ҷибути). Соли 1940 қӯшуни Италия Сомалии Британияро забт кард, вале аввали соли 1941 қӯшунҳои Англия аскарони Италияро чи аз Сомалии Британия ва чи аз Сомалии Италия пеш карданд. Сомалии Италия то соли 1949 таҳти идораи ҳарбиёни Англия буд, аз соли 1950 ба зери васояти Италия гузашт. 26 июни 1960 Сомалии Британия, 1 июли 1960 Сомалия Италия истиқлолият ба даст оварданд ва ҳамон рӯз ҳар ду давлат як шуда, Республикаи Сомалиро ташкил доданд. Баъди табаддулоти ҳарбии 21 октябр 1969 Республикаи Демократии Сомалӣ эълон шуд, ки он барои мустаҳкам памудани иқтисодиёт як қатор дигаргуниҳои иҷтимоию иқтисодӣ гузаронд. Соли 1977 ҳукумати Сомалӣ ба муқобили Эфиопия амалиёти ҳарбӣ сар кард, алоқаашро бо мамлакатҳои Ғарб ва тартиботи реакционии араб мустаҳкам намуд. Аз соли 1960 бо СССР алоқаи дипломатӣ дорад.

Сомалӣ мамлакати аграрист. Чорводории бодиянишинӣ тараққӣ кардааст.

somalia

Соли 1980 мамлакат 5,3 млн шутур, 24.7 млн бузу гӯсфанд ва 3,7 млн сар гов дошт. Аз се як ҳиссаи ҳудуди Сомалӣ заминҳои киштбобанд. Бештар банан ва найшакар мепарваранд. Дар шимол самги хушбӯй (бухур, шилм, ҳанут; қариб аз се ду ҳиссаи ҷамъоварии ҷаҳонӣ) меғундоранд. Моҳигирӣ низ ривоҷ ёфтааст. Корхонаҳои саноати хӯрокворӣ, бофандагӣ ва ғайра дорад. Ба хориҷа чорво, пӯст, чарм, гӯшт, банан ва самғи хушбӯй мебарорад. Шарикони асосии тиҷоратиаш: Италия ва дигар мамлакатҳои Европаи Ғарбӣ, мамлакатҳои араб. Воҳиди пул—шиллинги сомалӣ.

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …