Маълумоти охирин
Главная / Илм / СОЛШУМОРИИ ЗАРДУШТӢ

СОЛШУМОРИИ ЗАРДУШТӢ

kalendar

СОЛШУМОРИИ ЗАРДУШТӢ, солшумории авестоӣ, яке аз солшумориҳои маъруфи қадим, ки аҷдоди халқи тоҷик аз он истифода мекардазнд. Муаллифони давраи Сосониён ва муаррихони исломӣ таъсиси ин солшумориро ба Зардушт нисбат додазнд. Солшумории зардуштӣ дар баъзе ноҳияҳои Осиёи Миёнаю Эрон нимаи якуми ҳазораи 1 то мелод ҷорӣ гашта, минбаъд дар Суғд, Хоразм, Арманистон интишор ёфтазст ва бо андаке тағиирот дар ин кишварҳо маъмул гардидааст (нигаред Солшумории суғдӣ, Солшумории хоразмӣ).

Солшумории зардуштӣ дар давраи Ҳахоманишиён низ маъмул будааст. Бино ба маълумоти муҳаққиқи эронӣ С. Тақизода санаи қабули Солшумории зардуштӣ дар давлати Ҳахоманишиён соли 441 аст. Солшумории зардуштӣ дар давлати Ҳахоманишиён аввал чун солшумории ғайрирасмӣ (ба сифати солшумории динӣ) қабул гардиду сипас давлатӣ шуд. Масалан, муаррихи юнонӣ Квинт Курций Руф хабар медиҳад, ки дар аҳди Дорои III ҳангоми ҷашне 365 ҷавони сурхпӯш, ки шуморазшон мутобиқи рӯзҳои сол буд, аз назди шоҳ мегузаштанд. Солшумории зардуштӣ шамсӣ буда, мувофиқи он сол 12 моҳи 30-рӯза ва 5 рӯзи иловагиро дар бар мегирифт. Ин панҷ рӯз ба яке аз моҳҳои сол ва ё ба охирин моҳи сол илова мешуданд. Панҷ рӯзи замима дар осори паҳлавӣ, таърихҳои исломӣ ва осори адабиву таърихии ба забони форсӣ (тоҷикӣ) эҷодшуда бо номҳои «андаргоҳ», «гоҳ», «ваҳичак», «ваҳизак», «баҳиазк», «панҷи беҳ», «панҷи дуздида», «хамсаи муттафариқа» ва ғайра ёд шудазнд. Соли 365-рӯзаи Солшумории зардуштӣ аз соли астрономии шамсӣ 6 соат кӯтоҳтар буда, дар 4 сол 1 рӯзро ташкил медод. Дар муддати 120 сол ин 6 соат баробари 1 моҳ мегардид ва онро ба сол илова мекарданд, яъне сол аз 13 моҳ иборат мешуд. Дар аҳди Сосониён баробари соли нави тағйирёбанда кабиса низ истифода мегардид, ки он чун дар солшумории юлианӣ ва григорианӣ дар 4 сол як бор такрор меёфт. Номи рӯзҳо ва моҳҳои Солшумории зардуштӣ аз номи эзидони зардуштия гирифта шудазнд. Дар Авесто номгӯи пурраи рӯаҳои Солшумории зардуштӣ дар асари Sihrozag («Си рӯз», тақрибан асри 6) вомехӯранд. Дар қисмҳои қадимтари Авесто — «Яштҳо» ва «Ясно» низ номгуи рӯзҳо ва моҳҳои Солшумории зардуштӣ вуҷуд дорад. Номи моҳҳои Солшумории зардуштӣ мувофиқи Авесто (транслитерация ба ҳуруфи тоҷикӣ) чунин аст:

  1. Фравашинам — Фарвардин.
  2. Ашаҳе ваҳиштаҳе — Урдибиҳишт.
  3. Ҳаурватато — Хурдод.
  4. Тиштрйеҳе — Тир.
  5. Амеретато — Амрдод (Мурдод).
  6. Хшатраҳе ваирйеҳе — Шаҳривар.
  7. Митраҳе — Митра (Меҳр).
  8. Апам — Обон.
  9. Атро — Оташ.
  10. Датушо — Додор, Офаридгор (сифати Аҳуромаздо).

11.Ванҳеуш Манапҳо — Баҳман.

  1. Спентаҳйа Арматоиш — Спендормаз.

Номи рӯзҳои Солшумории зардуштӣ дар шакли навишти авестоӣ (транслитерация ба ҳуруфи тоҷикӣ) чунин аст:

  1. Аҳӯраҳе Мазда — Аҳуромаздо.
  2. Ванҳеуш Мананҳо — Баҳман.
  3. Ашаҳе Ваҳиштаҳе — Урдибиҳишт.
  4. Хшатраҳе ваирйеҳе — Шаҳривар.
  5. Спентайа Арматоиш — Спепдормаз.
  6. Ҳаурватато — Хурдод.
  7. Аморетато — Амрдод (Мурдод).
  8. Датушо — Додор, Офаридгор (сифати Аҳуромаздо).
  9. Атро — Оташ.

10.Апам — Обон.

11.Хваре-Хшаетаҳе — Хуршед.

12.Манҳаҳе — Моҳ (моҳтоб).

13.Тиштрйеҳе — Тиштрийа (Тир).

14.Геуш — Гов (барзагов).

15.Нигаред 8.

16.Митраҳе — Митра (Меҳр).

17.Сраошаҳе — Суруш.

18.Рашнаош — Рашну.

19.Фравашинам — Фарвардин.

20.Веретрағнаҳе — Баҳром.

21.Рамано — Ром (Оромиш, Ро- миш).

22.Ватаҳе — Бод.

23.Нигаред 8, 15.

24.Даенайа — Дин (виҷдон).

25.Ашоиш Ванҳуна — Бахшиши беҳ (ҳадяи нек).

26.Арштато — Арштато, порсоӣ.

27.Асмано — Осмоп.

28.Земо — Замин.

29.Мантраҳе спентаҳе — Сухани муқаддас.

30.Анағраман Раочанҳам — Рӯшноиҳои беканор.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …