Маълумоти охирин
Главная / Илм / СОЛШУМОРИИ ЮЛИАНӢ

СОЛШУМОРИИ ЮЛИАНӢ

yulianskij_kalendar

СОЛШУМОРИИ ЮЛИАНӢ, системаи муҳосибаи муддати тӯлонии вақт, ки бори аввал дар Рими Қадим Юлий Цезарь баъди ислоҳот 1 январ 45 то мелод ҷорӣ намуд (номи солшуморӣ низ аз ҳамин ҷост). Рӯзи 1 январ рӯзи аввали соли нав гардид (пеш аз ин дар тақвими римӣ оғози соли нав рӯзи 1 март буд). Давоми сол дар Солшумории юлианӣ ба ҳисоби миёна ба 364 шаборӯз баробар буд, ки ба давомати соли тропикии онвақта мувофиқат мекард. Барои осонӣ се солро паи ҳам 365 шаборӯзӣ, соли чорумро 366 шаборӯз қабул карда буданд. Сол бо номҳои қадимиашон ба 12 моҳ тақсим шуда буд: январ, феврал, март, апрел, май, июн, квинтилис, секстилис, сентябр, октябр, ноябр, декабр. Шумораи рӯзҳои моҳ ин тавр мураттаб шуда буданд: ҳамаи моҳҳои тоқ 31 руза ва ҳамаи моҳ ҳои ҷуфт 30 рӯза. Танҳо моҳи феврали соли оддӣ 29 рӯзро ташкил мекард. Соли 44 то мелод моҳи квинтилис (панҷум) ба шарафи Юлий Цезарь июл, соли 8 то мелод бошад, моҳи секстилис (шашум) ба шарафи Август август номида шуд. Ғайр аз ин тартиби моҳҳои дарозу кӯтоҳ дигаргун гардиданд: ба моҳи август як рӯз (аз ҳисоби феврал) ҳамроҳ карда шуд; як рӯзи сентябр ба октябр ва як рӯзи ноябр ба декабр гузаронида шуд. Аз соли 7 мелод Солшумории юлианӣ дуруст истифода гардид ва аз ҳамин вақт ҳамаи солҳои Солшумории юлианӣ, ки рақами тартибиашон ба 4 бе бақия тақсим мешаванд, соли кабиса номида шуд. Соли 326 мелодӣ дар масҷиди Нирей Солшумории юлианиро калисои насрониён қабул кард. Нигаред низ Солшуморӣ, Тақвим.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …