Маълумоти охирин
Главная / Илм / СОЛШУМОРИИ ЯЗДИГУРДӢ

СОЛШУМОРИИ ЯЗДИГУРДӢ

СОЛШУМОРИИ ЯЗДИГУРДӢ, тақвимест, ки эрониёни қадим ҳамчун ченаки вақт истифода мебурдаяд. Аз рузи ба тахт нишастани шоҳи охирини Сосониён Яздигурди III (16 июни 632, мутобиқ ба 21 рабеъулаввали соли 11 ҳиҷрии қамарӣ) сар мешавад. Мувофиқи Солшумории яздигурдӣ сол ба 12 моҳ (фарвардин, урдибиҳишт, хурдод, тир, мурдод, шаҳривар, меҳр, обон, озар, дай, баҳман, исфандормуз) тақсим шуда, ҳар моҳ аз 30 рӯз иборат аст. Вале, азбаски сол расо аз 365 рӯз иборат буд, ба мохи 12-ум 5 рӯз илова карда мешуд. Рӯзи эътидоли баҳорӣ (баробаршавии шабу руз мувофиқи тақвими григорианӣ 21—22 март) рӯзи аввали Солшумории яздигурдӣ ба ҳисоб мерафт. Азбаски Солшумории яздигурдӣ соли кабиса надошт, дар байни рӯзи эътидоли баҳорӣ ва аввали соли расмӣ фарқе ба вуҷуд меомад. Дар бадали 119 сол ин фарқ ба 30 рӯз мерасид, бинобар он ба соли 120-уми Солшумории яздигурдӣ як моҳи дигар (сездаҳум) илова мекарданд ва он пас аз моҳи аввал — фарвардин омада, фарвардини 2 ном мегирифт. Ҳамин тавр, соли 240 моҳи сездаҳум пас аз урдибиҳишт омада, урдибиҳишти 2 ва соли 360 моҳи иловагӣ хурдоди 2 ном гирифт.

Эрон соли 651 ба ҳайати Хилофати араб дохил гардид. Арабҳо баробари забони арабӣ ва дини ислом солшумории ҳиҷрии қамариро низ ҷорӣ намуданд. Аммо барои танзими ҳаёти иқтисодии мамлакат зарурати нигоҳ доштани солшумории шамсӣ ба миён омада, соли ба тахт нишастани Яздигурди III ибтидои солшумории нави эронӣ ҳисобида шуд. Соли 1073 (мувофиқи Солшумории яздигурдӣ соли 447) бо фармони Маликшоҳ ба ин тақвим ислоҳ дароварданд ва он Солшумории маликшоҳӣ ном гирифт. Нигаред низ Солшуморӣ.

С. Ғоибов.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …