Маълумоти охирин
Главная / Илм / СОЛШУМОРИИ ХОРАЗМӢ

СОЛШУМОРИИ ХОРАЗМӢ

СОЛШУМОРИИ ХОРАЗМӢ, тақвимест, ки хоразмиёни қадим ҳамчун ченаки вақт истифода мебурданд. Мувофиқи Солшумории хоразмӣ сол аз 12 моҳ иборат буда ба охири моҳи 12-ум 5 рӯз илова мекарданд. Сол аз моҳи Равчнафив навсарҷӣ оғоз меёфт, ки ин ба 25—26 марти солшумории милодӣ рост меояд. Номи моҳҳои Солшумории хоразмӣ аз рӯи маълумоти Абӯрайҳови Берунӣ чунин аст: Равчнафив навсарҷӣ, Ардваштафив сирҷанкам, Харвдаздафив вахирӣ, Ҷири фаразак, Ҳумдод, Ахшариварӣ, Авамарӣ, Янахн фахсартанраҷибак, Арвфавимка бахрфин, Васмрафив нафканҷанкам, Ашманфив раданкам, Исбандармаҷи Фавхвашам. Солшумории хоразмӣ як навъи солшумории шамсӣ буда, бо 5— рӯзи иловагӣ фарқ мекунад ва фарорасии сол ба 6-уми фарвардини шамсӣ мувофиқ меояд. Ин фарқ (6 рӯз) баъди обонмоҳ аз байн рафта, ба тақвими суғдӣ ва шамсӣ баробар мешавад. Ҳар як моҳи Солшумории хоразмӣ аз 30 рӯз иборат буда, рӯзҳо мисли моҳҳои суғдӣ ба шарафи худоёни зардуштӣ авестоӣ номида шудаанд: Римажд, Ажмин, Ардувишт, Ашхишварӣ, Испандармаҷӣ, Хвардаз, Хамдоз, Дау, Арв, Ёнхан, Ахвир, Моҳ, Чири, Ғушт Дау, Миғ, Осруф, Рашон, Руҷин, Ариған, Ром, Воз, Дау, Дини, Орҷухи, Аштоз, Осмон, Зос, Мораспанд, Авонур. Мувофиқи Солшумории хоразмӣ 5-рӯзи иловагӣ номи алоҳида надоштанд ва 5-рӯзи аввали моҳи Равчнафив Навсарҷиро ду маротиба ҳисоб менамуданд ва сол ба 365 рӯз мерасид.

Ю. Ёқубов.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …