Маълумоти охирин
Главная / Илм / СОЛШУМОРИИ СУҒДӢ

СОЛШУМОРИИ СУҒДӢ

СОЛШУМОРИИ СУҒДӢ, тақвимест, ки суғдиёни қадим ҳамчун ченаки вақт истифода мебурданд. Тақвим аз байни ҳуҷҷатҳои қалъаи Муғ ёфт шудааст. Мувофиқи Солшумории суғдӣ ҳар моҳ аз 30 рӯз ва сол аз 365 руз (360+5 рӯзи иловагӣ) иборат буд. Моҳҳои Солшумории суғдӣ ба шарафи худоёни зардуштӣ номида мешуданд: Навсардич, Ҷарҷиничи, Ниснич, Насоканич, Ашнакғинтич, Мазиғғантич, Бағканич, Абонич, Бағич, Мазбағнич, Жимтичу Ағшамичу (мувофиқи маълумоти Берунӣ Хушум). Ҳар як рӯзи моҳ низ ном дошт: Хвармазтруч, Ағвамипруч, Артағошт, Ахшйор, Аспантарматруч, Ратат, Мартат, Датс, Отас, Овҷин, Хвардч, Махруч, Тиштрруч, Гушруч, Датс, Мидрруч, Саруш, Рашан, Прапартинроч, Вашғар, Рамроч, Воэ, Датс, Дин, Ардағруч, Агатоз, Асмон, Азмоғтағруч, Машспанд, Нағрнаҳруч. Ин рӯзҳо низ ба шарафи худоёни авестоӣ номида шудаанд.

5 рӯз (Ҳорс, Накандон, Рахшан, Валозан, Ардашнив) -и иловагӣ панҷӣ ном дошта, онро ба моҳи Ағшамичу (Хушум) илова менамуданд. Унвони моҳҳои Насоканич, Бағканич, Абонич ва 11 рӯзи тақвим аз ҳуҷҷатҳои номбурда пайдо нагашт, танҳо ба туфайли тақвиме, ки Абӯрайҳони Берунӣ дар асараш «Осор-ул-боқия» овардааст ва ба Солшумории суғдӣ ҳеле айният дорад, барқарор карда шуд.

Дар байни суғдиён инчунин тақвими қамарӣ низ маъмул буда, онро Апғарномак (Ахтарнома) меномиданд, ки аз ин хусус Берунӣ маълумот додааст. Рӯзҳои ин тақвим аз номи бурҷҳои осмонӣ — ситораҳо гирифта шудазнд. Нигаред низ Солшуморӣ.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …