Маълумоти охирин
Главная / Илм / СОЛШУМОРИИ ФОРСИИ ҚАДИМ

СОЛШУМОРИИ ФОРСИИ ҚАДИМ

СОЛШУМОРИИ ФОРСИИ ҚАДИМ, солшумориест, ки дар давлати Ҳахоманишиён истифода мегардид. Соли қабул шудани ин солшуморӣ маълум нест, вале аз ҳуҷҷатҳо, катибаҳои Ҳахоманишиниён бармеояд, ки он то соли 459 то мелод ройиҷ будааст. Аз соли 441 то мелод ба ҷои он Солшумории зардуштӣ маъмул гардид. Солшумории форсии қадим дар таъсири солшумории бобулӣ, ки қамарию шамсӣ буд, ба вуҷуд омадааст. Моҳ дар солшумории бобулӣ ва Солшумории форсии қадим аз рӯзи дар осмон пайдо шудани ҳилол ҳисоб карда, мешуд. Азбаски моҳ дар 29 1/2 шаборӯз ба шакли ҳилол бармегашт, сол баробари 354 шаборӯз буд. Барои пурра шудани сол, яъне 365 рӯз ба 12 моҳ боз як моҳи дигар, яъне моҳи 13-ро илова мекарданд, Аломати шамсӣ дар Солшумории форсии қадим он аст, ки дар ин солшуморӣ оғози соли нав ба 22 моҳи март, яъне ба рӯзи мизони баҳор, рост меомад. Номи моҳҳои Солшумории форсии қадим тарҷумаи номи моҳҳои солшумории бобулӣ ба забони форсии қадим мебошанд. Ҳашт моҳи Солшумории форсии қадим (I, II, IV, VII, VIII, IX, X, XII) дар Катибаи бесутун зикр шудазнд. Аз маънии онҳо бармеояд, ки Солшумории форсии қадим мисли аксар солшуморлҳои маъмули Осиёи Наздик солшумории хоҷагидорӣ ва мавсимӣ будааст. Танҳо моҳҳои VII, IX ва X он ба моҳҳои динии солшумории зардуштӣ ҳамоҳанганд ва аз тасаввуроти динии мардуми давлати Ҳахоманишиён то давраи паҳншавии зардуштия дарак медиҳанд. Ному тафсир ва мутобиқати моҳҳои Солшумории форсии қадим бад-ин қарор аст:

  1. Адуканиша — моҳи кандани ҷӯйҳо барои обёрӣ; март — апрел;
  2. Сурава:ҳа:ра — моҳи зӯрӣ, теаӣ (айни) баҳор; анрель — май;

III.          Сайғрачиш — моҳи чиниши сир (саримсоқ); май — июн;

  1. Гармапада — моҳи пойгузорӣ (дарамад)-и гармо; июн — июл;
  2. Дрнаба:жиш — моҳи ҷамъоварии боҷ аз ғалла (дар ин ном калимаи русии «зерно» боқист); июл — август.
  3. Ха:рапашйа — моҳи ҷамъоварии хор барои сӯзишворӣ; август — сентябр.

VII.        Ба:гайа:диш — моҳи ёд кардани худо; Митра дар назар дошта шудааст; сентябр — октябр.

VIII.       Варказана—моҳи зодан (шикор) -и гург; (тафсирҳои дигар — моҳи зодани мурғон, моҳи кор дар марғзор вуҷуд доранд, аммо дар ин маврид ҳарфи аввали ин моҳро М хондазнд); октябр — ноябр.

  1. Атрийа:дийа — моҳи ёд кардани оташ яъне моҳи гарм кардани оташдон; ноябр — декабр.
  2. Ана:мака — моҳи беном (эҳтимол ин моҳ мавсум ба эзиде будааст, ки ӯро ном намебурдазнд); декабр — январ.
  3. Тваййахва(нт) — моҳи яхбандӣ, сармои сахт; январ — феврал.

XII.     Вийахна — моҳи каниш (шудгор)-и замин; феврал — март.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …