Маълумоти охирин
Главная / Илм / Солшуморӣ

Солшуморӣ

solshumori0

СОЛШУМОРӢ, ҳисобу китоби муддати дарозро гӯянд, ки аз рӯи ягон ҳодисаи даврӣ такроршавандаи осмонӣ (гирдогирди меҳвари худ тоб хӯрдани Замин, дар атрофи Замин чарх задаии Моҳ, ба даври Офтоб гаштани Замин) анҷом мегирад. Дафтари солро, ки дар он ҷадвали рӯз (давомати рӯз, вақти тулӯъ ва ғуруби Офтоб ва ғайра) сабт мешавад, тақвим гӯянд. Мафҳуми Солшуморӣ бо хронология ном соҳаи ёварии таърихшиносӣ робита дорад, ки он ба муқоиса ва муайян кардаии санаҳои воқеаҳо, санаду ҳуҷҷатҳо ва ғайра шуғл меварзад.

 

Таърих ва давр аз мафҳумҳои асосии Солшуморӣ мебошанд. Таърих гуфта оғози Солшумориро меноманд. Ба қавли Абӯрайҳони Берунӣ, «таърлх вақте бошад андар замона сахт машҳур, ки андар ӯ чизе будаст, чунон ки хабараш андар уммате бар умматон пайдо шуд ва бигустурд чун дине ё кеше нав шудан ва ё давлате мар ҳар гурӯҳеро пайдо шудан ё ҳарбе бузург, ё тӯфоне ҳалоккунанда ва монанди он, чунон-к он вақт замонро оғоз ниҳанд на ба ҳақиқат ва табъ. В-аз ӯ солу моҳу рӯз ҳамешуморанд, то ба ҳар вақте, ки хоҳанд».

Пас, ибтидои Солшумориҳои халқҳои гуногуни дунё як хел нест. Яке аз саваи содир шудани ягон воқеаи таърихӣ (масалан, аз рузи ба мулк нишастани Яздигурд бинни Шаҳриёр бинни Хусравон), дигаре аз рӯйдоди мазҳабе (масалан, аз рӯзи ҳиҷрати Муҳаммади пайғамбар, яъне аз Макка ба Мадина омадани ӯ), сеюмӣ бошад, аз ягон ҳодисаи асотирӣ (масалан, аз хилқати олам) сар мешавад. Аз ҷумла Солшумории қадимаи эроние, ки то охири даврони Сосониён ҷорӣ буда, аз рӯзи зуҳури «аввалин кадхудои ҷаҳон» Каюмарс (ниёи асотирии қавмҳои тоҷику форс) оғоз ёфта, ҳамагӣ 4182 солу 10 моҳу 19 руз тул кашидааст. Таърихи Солшумории ҳозираи мо бошад, аз нимаи дуюми шаби милоди Исо ибтидо мегирад.

solshumori1

Тақвимсозӣ аз маъмултарин пешаҳост, ки инсон ба тақозои рӯзгор аз худи аҳди бостон сар карда шуғл гирифтазст. Ниёгони мо дар аввалин зинаҳои таҳаввули таърихӣ аз робитаи ҳодисаҳон даврӣ такроршаванда бар падидаҳои осмонӣ дарак ёфта буданд. Ивазшавии ҳамешагии шабу руз, дигаргуншавии бефосилаи фаслҳои сол, мадду ҷазр, обхезиҳо, тағйири мавсимии дараҷаи ҳарорати ҳаво ва миқдори боришот аз ҷумлаи омилҳоеанд, ки ба онҳо истеҳсолоти одамӣ, махсусан қадимтарин соҳаҳои вай — деҳқонӣ ва чорводорӣ вобастазнд. Барои оғоз ё анҷоми офатҳо, айёми бор ё гоҳи дарав ва ё гирифти Моҳу Офтобро донистан аввал ҳисобу китоби вақтро ёд гирифтан лозим буд. Аз ип ҷост, ки аввалин мушоҳидаҳои астрономи аз расадбандии ҳодисаҳои такрорёбандаи осмонӣ сар шудазнд Аз монандии хоҷагидорӣ ва яксонии ҳодисаҳои осмонист, ки халқҳои гуногун— бошандагони макону замонҳои мухталиф Солшуморӣ ва тақвимҳои ҳамнақшро ба вуҷуд овардазнд. Ва низ бечиз нест, ки дар байни бодиянишинони чорводор (масалан, арабҳо) Солшумории қамарӣ ва миёни муқиминишинони зироаткор (масалан, тоҷикон) Солшумории шамсӣ пайдо шуданд.

То ба расмият даромадани тақвими европоӣ тоҷикон, чун дигар халқҳои кишварҳои ҳамсоя, асосан ду хел Солшумориро истифода мебурданд.

Солшумории шамси ё бурҷӣ (ба истилоҳи тоҷикони Афғонистон) яке аз қадимтарини тақвимҳои Аҷам мебошад, ки решаи таърихиаш аз сарчашмаҳои оини зардуштӣ об мехӯрад (Оини мазкур зимни парастиши оташи фалакӣ-Офтоб сурат гирифта буд.). Ҳар як моҳи соли шамсӣ аз рӯи ҳаракати Офтоб дар минтақатулбуруҷ (эклиптика) муайян карда мешуд; муддати дар ин ё он бурҷ воқеъ шудани Офтоб ба як моҳи мазкур баробар буд. Аз из рӯ ҳам моҳҳои соли шамсӣ ва дувоздаҳ бурҷи фалак як хел ном доранд, ки инҳоанд: Ҳамал, Савр, Ҷавзо, Саратон, Асад, Сунбула, Мизон, Ақраб, Қавс, Ҷадӣ, Далв ва Ҳут. Рӯзи аввали моҳи Ҳамал (рӯзи таҳвил), яъне лаҳзаи аз бурҷи Ҳут баромада, ба бурҷи Ҳамал даромадани Офтоб, ки ба рӯзи эътидоли баҳорӣ рост меояд, Наврӯз ном дошт ва рӯзи иди соли нав ҳисоб мешуд. (Аслан аз сабаби просессия рӯзи эътидоли баҳорӣ ҳамеша ба як санаи муайяи рост намеояд. Ҳозир вай мутобиқи 21—22 марти милодист ва ҳол он хш ҳазор сол пеш ба 12—13 март рост меомад. Ба ин маънӣ як худи он, ки дар Ленинобод ҳоло ҳам Наврӯзро айнан ҳамин рӯзҳо ҷашн мегиранд, далели равшани анъанаи қадимӣ будани ин иди хоси аҷамист.) Бино ба хабаре, ки Абӯрайҳони Берунӣ дар «Китоб-ут-тафҳим» овардааст, аҷдоди мо панҷ рӯзи ояндаро низ ҷашн мегирифтазнд. Рӯзи шашӯми фарвардинмоҳ бошад, наврӯзи бузург ном доштазст, зеро ба қавли Берунӣ, «Хусравон бад-он панҷ рӯз ҳақҳои ҳашам ва гурӯҳи (ва бузургон) бигузордандӣ ва ҳоҷатҳо раво кардандӣ, онгоҳ бад-ин рӯзи шашум хилват кардандӣ хоссагонро. Ва эътиқоди порсиён андар Наврӯзи нахустин он аст, ки аввал рӯзест аз замона ва бад-ӯ фалак оғозид гаштан».

Рӯзе эътидоли тирамоҳӣ бошад, меҳргон ном дошт ва низ рӯзи ид буд. Панҷ рӯзи ояндаи тирамоҳ низ ҷашнӣ ҳисоб мешуд. Рӯзи шашумро, ки Ромрӯз ном дошт, Меҳргони бузург мехонданд.

Аввалин Солшумории шамсӣ Солшумории яадигурдӣ буд, ки ибтидои он ба рӯзи 16 июли соли 632 милодӣ мутобиқ меояд (рӯзи ба тахт нишастани шоҳ Яздигурди сеюм аз сулолаи Сосониён).

Умари Хайём солҳои 70—80 асри 11 вақти роҳбари расадхонаи Исфаҳон буданаш бо супориши Ҷалолуддин Маликшоҳи Салҷуқӣ ба ислоҳоти солшумории шамсии яздигурдӣ машғул шуда буд. Моҳи ҷалолӣ низ мисли моҳи издугурдӣ баробари 30 шаборӯз буда, ибтидои он мутобиқи лаҳзаи ба ину он бурҷ даромадани Офтоб қабул шудаст. Панҷ рӯзи боқимондаро бошад, ҳар сол ба охири моҳи дувоздаҳум ҳамроҳ мекарданд. Ғайр аз ин ҳар чаҳор сол ба соли муқаррарӣ як рӯзи зоидро ҷамъ кардан лозим меомад. (Соли мазкур баробари 366 шаборӯз буда, кабисаи маликия ном дошт). Пас аз 4—5 маротиба такрор шудани амали мазкур як дафъа соли кабиса баъд аз 5 сол меояд. Солшумории ҷалолӣ рӯзи 15 марти соли 1079 милодӣ ба ҷои Солшумории яздгиурдӣ ба расмият даромадааст.

Аз бозе ки халифа Умар (солҳои ҳукмроииаш 634—644) рӯзи ҳиҷрати Муҳаммадро оғози солшумории мусулмонӣ эълон кард, таърихи Солшумории шамсин эронӣ низ тағйир дода шуд. Дар Солшумории шамсии ҳиҷрие, ки ҳоло дар Эрон, Афғонистон, Туркия ва ғайра ҷорист, инчунин даври 33-солаи хайёмӣ қабул шудааст (даври навбатӣ 21 марти соли 1975 оғоз гардид).

Солшумории қамарии ҳиҷрӣ-тақвими расмии мусулмонист, ки баъди истилои араб ҷорӣ карда шудааст. Солшумории қамари аз рӯзи хиҷрати Муҳаммади пайғамбар аз Макка ба Мадина сар мешавад, ки он мутобиқи 16 июли соли 622 милодист. Соли қамари ҳиҷрӣ баробари 354 шаборӯзу 11 соат аст, яъне аз соли шамсӣ дида 10 рӯзу 21 соат кӯтоҳтар аст (саду се соли қамарӣ ба сад соли шамсӣ рост меояд). Пас, дар муддати 33,2 сол фарқи онҳо ба як сол мерасад.

solshumori3

Аввали ҳар як моҳи солшумории қамарии ҳиҷрӣ ба рузи нахустини моҳи нав (ҳилол) рост меояд. Номҳои моҳҳои қамарӣ чунинанд: муҳаррам (номи халқии тоҷикиаш — зар), сафар (оина), рабеъулаввал (оби рабон), рабеъуосонӣ (байза), ҷимодулаввал (сим), ҷимодуссонӣ (пири бузург), раҷаб (Қуръони шариф), шаъбон (гиёҳи сабз), рамазон (шамшер), шаввол (ҷомаи сабз), зулқаъда (кӯдак), зулҳиҷҷа (духтар). Сари сол рӯзи аввали моҳи муҳаррам ҳисоб мешавад ва азбаски моҳҳои қамарӣ ҳар сол ба фаслҳои гуногун мувофиқ меоянд, сари сол низ ҳамеша ба як айёми муайян рост намеояд. Агар дар солшумории шамсӣ наврӯз ҳамеша ба аввали баҳор мувофиқ ояд, дар Солшумории қамарии ҳиҷрӣ, баръакс, ҳар як моҳ ба қариби сию се сол ҳама фаслҳои солро сайр мекунад. Барои дар хотир нигоҳ доштани ном ва тартиби моҳҳои қамарӣ пеш шеъри зеринро аз ёд мекарданд:

Зи Муҳаррам чу гузаштӣ, чу бувад моҳи Сафар,

Ду Рабиъу ду Ҷумодӣ аз паи якдигар.

Раҷаб аст он ки Шаъбону Рамазон, Шаввол,

Пас ба Зулқаъда ва Зулҳиҷҷа бикун нек назар.

Соли қамарии хиҷриро бо соди милодӣ воситаи формулаи зерин ифода кардан мумкин:

х=у—622+((у-622)/32)

Дар ин ҷо у— соли милоди, х — соли қамарии ҳиҷрӣ.

Дар аҳди ислом мардуми Аҷам Солшумории қамарии ҳиҷриро қабул карда бошанд ҳам, Солшумории шамсиро низ бекор накардазнд. Нигаред низ: Солшумории яздигурдӣ, Солшумории Хоразмӣ, Солшумории Суғдӣ, Солшумории Зардуштӣ, Санаи нав, Санаи кӯҳна, Тақвим.

А. Турсунов.

2018

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …