Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / СОЛОЖЕНКИН Петр Михайлович

СОЛОЖЕНКИН Петр Михайлович

solozhenkin

СОЛОЖЕНКИН Петр Михайлович (таваллуд 30. 6. 1930, деҳаи Зуевкаи вилояти Куйбишев), химик-технологи советӣ, акаддемики Академияи Фанҳои Республикаи Совети Сотсиалистии Тоҷикистон (1973; аъзокорспондент 1968). Аъзои Комитети Партияи Совети Сотсиалистӣ аз 1965. Доктори илмҳои техникӣ ва профессор. (1972). Ходими Хизмат нишондодаи илми Республикаи Совети Сотсиалистии Тоҷикистон (1974). Саркотиб (1971) ва ноиби президенти Академияи Фанҳои Республикаи Совети Сотсиалистии Тоҷикистон (аз 1974). Институти кӯҳию металлургии Иркутскро (1953) хатм намуда, солҳои 1953 —54 мудири лабораторияи сермаҳсулгардонии сарватҳои зеризаминии ҳамон институт шуда кор карда аст.

Корҳои илмии Соложенкин аз физикаю химияи процессҳои флотационӣ ва химияи координационӣ оиданд.

Соложенкин муаллифи 250 асари илмӣ ва соҳиби даҳҳо шаҳодатномаи муаллифӣ мебошад.

У дар як қатор конгрессҳои байналхалқӣ оид ба сермаҳсулгардонии сарватҳои зеризаминӣ (Чехословакия, Италия, Полша, Республикаи Демократии Германия) ва Конгресси 27-уми ЮПАК (Финляндия) иштирок кардааст.

Соложенкин аъзои Ҷамъияти илмию техникии (НТО) металлургияи рангаи СССР, раиси Правленияи тоҷикистонии НТО-и металлургияи ранга ва инчунин аъзои ҳайати асосии таҳририяи Энциклопедияи Советии Тоҷик мебошад.

Дорандаиордени«НишониФахри»вамедали«Бароимеҳнати шуҷоатнок», Лауреати Мукофоти Совети вазирони СССР (1935). Т. Идрисов.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …