Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / «СОЛОНАИ РӮДАКӢ»

«СОЛОНАИ РӮДАКӢ»

«СОЛОНАИ РӮДАКӢ», «Солонаи ёдбуди асосгузори адабиёти форс-тоҷик Абӯабдуллоҳи Рудакӣ», конференцияҳои илмие, ки аз тарафи Академияи Фанҳои Ресспубликаи Совети Сотсиалистии Тоҷикистон ва Комитети баргузории «Ёдбуди солонаи Рӯдакӣ» ҳар сол дар Душанбе ва шаҳрҳои дигари Ресспубликаи Совети Сотсиалистии Тоҷикистон гузаронида мешаванд. Дар маҷаллаи «Дониш ва омузгор» (1926, № 2) дар рӯзҳои Наврӯз зери унвони «Рӯзи Рӯдакӣ» гузаронидани ҷашне эълон шуда буд.

rudaki

Моҳи октябри соли 1958 ҷашни 1100-солагии Рӯдакӣ гузаронида шуд. Дар арафаи ҷашн ва баъд аз он дар СССР ва мамлакатҳои хориҷа омӯзиши ҳаёт ва эҷодиёти Рудакӣ, муҳити зиндагӣ ва даврони у аз нав авҷ гирифт. Барои идомаи ин омузиш ва таҳқиқот зарурати гузаронидани конференцияҳои «Солонаи Рӯдакӣ» ба миён омад. Солҳои 1970—76 дар шаҳрҳои Душанбе, Ленинобод, Кӯлоо, Панҷакент 6 маҷлиси «Солонаи Рӯдакӣ»баргузор гардид, ки дар онҳо бештар аз 80 маърӯза ва гузоришоти илмӣ дар мавзӯъҳои гуногуни таърих, маданият ва адабиёти асри 10 хонда шуданд (баъд аз соли 1976 маҷлиси «Солонаи Рӯдакӣ» гузаронида нашудааст). Дар омӯзиши ҳаёт ва эҷодиёти Рӯдакӣ, ҳалли масъалаҳои баҳсталаби зиндагӣ ва осори адабии ӯ маҷлисҳои «Солонаи Рӯдакӣ» ёрӣ расонидазнд. Материалҳои якчанд. маҷлиси «Солонаи Рӯдакӣ» дар маҷмуаи. «Ёдбуди устод Рӯдакӣ» (Душанбе, 1978) чоп шудаанд.

Адабиёт: Айнӣ К, Рӯзи Рӯдакӣ, «Маориф ва маданият», 10 сентябри 1974.

  1. Зарифов.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …