Маълумоти охирин

Соломея Нерис

Нерис (тахалл.; фам. Бачинскайте-Бучене) Соломея (17. 11. 1904, деҳаи Киршяи ҳозира, райони Вилкавишка — 7. 7. 1945, Москва), шоираи советии литвонӣ, Шоираи Халқии РСС Лит. (1945, баъди вафот). Аз оилаи деҳкон. Соли 1928 Университети Каунасро хатм кардааст. Асарҳояш аз соли 1923 нашр шудаанд.

Нерис муаллифи мачм. шеърхоя «Саҳарии барвақт» (1927), «Изҳои рӯи рег» (1931), «Аз рӯи яхи ноустувор» (1935), ва дигар шеъру достонҳост. Соли 1940 Нерис достони «Эгле — маликаи морҳо»-ро, ки дар асоси ривоятҳои халқӣ эҷод кардааст, ба табъ расонд. Баъди барқарор шудани Ҳокимияти Советӣ дар Литва (соли 1940) Нерис аъзои комиссияи мухтори Сейми халқии республикаи Литва, соли 1941 депутати Совети Олии СССР интихоб мешавад. Солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941—1945) дар Пенза, Уфа, Москва мезист. Достонҳои «Роҳи болшевик», «Чор кас», маҷм. шеърҳои «Дар асри ҳуштаки тирҳо» (1943, ба забони русӣ), «Дило, ҳаётро васф кун!» (1943), «Кишвари ман» (1946, ба забони русӣ; Мукофоти давлатии СССР, 1947) ба муборизаи меҳнаткашони Литва ба­рои ҳокимияти Советӣ ва сохтмони Ҳаёти нав бахшида шудаанд Бо ордени Ҷанги ватанӣ (дараҷаи 1) мукофотонида шудааст.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …