Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / СОЛИЕВ Зоҳирҷон

СОЛИЕВ Зоҳирҷон

СОЛИЕВ Зоҳирҷон (таваллуд 1905, деҳаи Кулангири ҳозира ноҳияи Хуҷанди вилояти Ленинобод), пахтакор, ветерани меҳнат, Қаҳрамони Меҳнати Социалистӣ (1948). Солиев солҳои 1948— 66 сардори бригадаи пахтакории колхози ба номи С. Ӯрунхӯҷаев (собиқ колхози «Москва»)-и ноҳияи Хуҷанд ва аз соли 1966 нафақахӯри шахсӣ. Бригадаи ӯ солҳои 1947—48 ҳосили фаровони пахта рӯёнд. Бо ордени Ленин, ордени Байрақи Сурхи Меҳнат, ордени «Нишони Фахрӣ», медалҳо, Грамотаҳои Фахрии Президиуми Совети Олии Республикаи Совети Сотсиалистии Тоҷикистон мукофотонида шудааст.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …